Дар кишвари мо шумораи блогерон рӯз ба рӯз меафзояд. Фикру андешаи ҷомеа нисбат ба фаъолияти эшон гуногун аст.
Нафаре рафтори бархе аз блогеронро берун аз шариату чаҳорчӯбаи дин мешуморад, барои дигаре фаъолияти ин афрод писанд аст. То кадом андоза муваффақ будани ҳар як блогерро аз шарҳи мардум, ки дар поёни наворҳои видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мегардад, фаҳмидан мумкин аст.
Блогердухтар Баҳора Рӯзиева барои истифодабарандагони шабакаву сомонаҳои иҷтимоӣ яке аз чеҳраҳои шинохта ба шумор меравад. Ӯ зодаи Тоҷикистон, вале муқими Русия аст.
Аслан Баҳора дар шабакаи “TIk-Tok” фаъолияти бештар дорад. Корбарони фазои маҷозӣ ӯро ситораи ин сомона медонанд, аммо аз замоне, ки Баҳора ба хориҷ аз кишвар рафтааст, наворҳояш бештар дар “Инстаграм” чарх мезананд.
“Азбаски дар Маскав зиндагӣ мекунам, мутаассифона дар онҷо фаъолияти “TIk-Tok” манъ шудааст. Ҳар гоҳе, ки ба Тоҷикистон меоям, аввал ба “TIk-Tok” ворид шуда, наворҳои худро мегузорам. Барои ман, ки наворҳоям 40 миллион тамошобин мегирифт, ин бениҳоят бад аст,”-мегӯяд Баҳора. Бештари мухлисон аз ҳунарнамоӣ ва ҳаракатҳои Баҳора дар наворҳояш ҷонибдорӣ мекунанд.
Аммо агар аз шарҳҳои поёни “видеоролик” –ҳои ӯ сухан кунем, на ҳамааш хуб асту қаҳрамонро болидарӯҳ намесозад. Дар ин маврид Баҳора чунин мегӯяд: “Он суханони қабеҳе, ки баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, дар суҳбати рӯ ба рӯ гуфта наметавонанд.
Аксарият суханони бад менависанд, вале ягон нафар дар рӯям аз қонеъ ё норозӣ буданаш аз “постҳоям” ҳарф назадааст. Вақте маро мебинанд, видеороликҳоямро таъриф мекунанд. Дар оғози фаъолият аз шарҳҳои бинандагон сахт ғам мехӯрдам.
Соатҳо фикр мекардам, ки чаро мардуми мо одамро надониставу нашинохта, қазоват менамоянд. Як рӯз баъд аз мутолиаи андешаи аудитория сахт гиристам. Ҳатто ба модарам гуфтам, ки фаъолияти худро қатъ мекунам. Аммо яке аз шиносонам ба ман тавсия дод, ки “агар дар зиндагӣ худро сохтан хоҳӣ, кӯшиш намо бе фикри ҷомеа пеш биравӣ”.
Албатта имрӯз намегӯям, ки ман умуман ба шарҳҳои одамон аҳамият намедиҳам, зеро ин дурӯғ мешавад. Аз мутолиаи шарҳҳо руҳафтода мешавам, вале барои пешравиям халал ворид намесозанд.
” Вақте сухан аз дӯстиву рафоқат ва дастгирӣ меравад, мардуми мо дар ин росто беҳамтоянд. Барои пешравии рақиби худ ҳатто талош менамоянд. Дастгирӣ чӣ маънавӣ бошад, чӣ моддӣ барои ба зиндагии як нафар пешравӣ ворид намудан, дар мо қарзу фарз маҳсуб меёбад. Чунин сарҷамъӣ бештар дар гурӯҳи “блогерон” ба мушоҳида мерасад. Онҳо ба ҳамдигар идея медиҳанд, дастгирӣ мекунанд, як “коллектив”-у як оила ба шумор мераванд. “Дар Душанбе мо як гурӯҳ будем, ки дар он шаш блогер ва чанд наворбардору танзимгар фаъолият мекунанд. Ҳар нафар аввал бо идеяҳои худ пеш меравад ва агар нафаре фикри тоза надошта бошад, аҳли гурӯҳ бо ҳам маслиҳат намуда, барои вай чизи ҷолибе месозем. Албатта бештари наворҳои ман дар Маскав гирифта шудаанд. Студияи мо “Prodarshen” бештар блогерони навкорро роҳнамоӣ мекунад,”- қайд менамояд Баҳора.
Ба даст овардани як аудиторияи васеъ бо тамошобини фаъол орзуи ҳар нафаре аст, ки дар ин самт рушд мекунад. 243 ҳазор “обуначӣ” барои Баҳора нишондоди хуб аст, ӯ дар ин бора мегӯяд: “Ман обуначиҳоямро бо ҷалби “Гив” ё ягон роҳи дигар, ки ҳампешагонам истифода мебаранд, ҷамъ накардаам.
Тамоми обуначиёнам ба хотири наворҳоям алоқаманди саҳифаи ман шудаанд. Албатта мо блогерон баъзан “Гив” сар дода, ҳамдигарро дастгирӣ мекунем. Вале ман аудиторияи фаъол дорам, ки баъд аз ҷамъи онҳо “Гив” сар додаам.”
Қисмати зиёди мардуми мо муҳоҷири Русия мешаванд. Ҳар нафаре, ки тарки Ватан менамояд, сабабҳои мухталиф дорад. Баъзеҳо мераванду бармегарданд, бархе зиндагии доимиро ихтиёр менамоянд.
Қаҳрамони мо аз ҷумлаи онҳост: “Ман аз хурдӣ дар Маскав бо аҳли оилаамон зиндагӣ мекунам. Мо тоҷикем, вале дар Русия бузург шудаем. Дар оила се духтар ҳастем, ман фарзанди аз ҳама хурдӣ мебошам. Чун хориҷ аз Ватан бузург шудаам, забони тоҷикиро хуб намедонам. Бо вуҷуди ин, ҳамеша кӯшиш мекунам бо забони модарӣ гап занам.”
Духтар, ки ба синни балоғат расид, барои ӯ қадам ниҳодан ба зиндагии мустақил зарур аст. Ҷомеаи мо қабул надорад, ки духтар ҳар вақт хост ва худро барои оиладоршавӣ тайёр донист, ба издивоҷ омодагӣ бубинад. Вале Баҳора ин урфу одатҳоро мешиканад ва фикр мекунад, ки ҳоло барои оиладор шуданаш барвақт аст.
Ҷое мегӯяд: “Духтарҳо ба сухани бачаҳако бовар накунед. Онҳо дурӯғ мегӯянд. Дили духтарро ба даст оварда, баъд раҳояш мекунанд. Агар бачае бо шумо гап задан хоҳад, бигзор аввал ба хонаатон ба хостгорӣ равад. Ба ангуштатон чалла андозад, он гоҳ розигӣ диҳед. Баъд ба вай коди “инстаграм”-и худ ва коди зиндагиатонро супоред!”
Баҳораро бештар бо нозу адоҳо ё ягон сухани шавқовараш пайгирӣ менамоянд ва ҳатто баъзе аз ҷавондухтарон ӯро тақлид мекунанд.