Arzon Banner
БАҲОР ЗАНРО ЗЕБО МЕСОЗАД, АГАР...
17.04.2021
ОИЛА
810

 

Аз хоб сер шавед

Инак, моҳи дуюми фасли баҳор фаро расиду рӯзҳо дарозтар мешаванд. Барои он ки субҳ худро бардам эҳсос намоед, шаб аз пештара барвақттар ба бистари хоб дароед. Чунин амал беҳтар аз он аст, ки субҳгоҳон дурудароз хоб кунед. Барои 2-3 ҳафтаи наздик назди худ мақсад гузоред: то соати 22 ба бистари гарму нарм даромада, телевизор ва телефони худро хомӯш месозед.

Ғизои дуруст хӯред

Баъди зимистон витаминҳои ҷисм кам мешавад. Аз ин рӯ, бештар меваву сабзиҷот истеъмол намоед. Айни замон миқдори бештари витаминҳоро аз таркиби кабудӣ дастрас кардан мумкин аст. Витамини С дар таркиби нӯшобаи хуч (шиповник), қаланфури ширин, меваи ангат ва смородинаи сиёҳ бештар вуҷуд дорад. Ҳамарӯза нӯшидани обро фаромӯш накунед, масалан дар давоми ҳар соати сипаришуда як стакон об нӯшидан лозим аст. Рӯзи худро бо як пиёла оби тоза, нӯшобаи хуч ва иловаи асал оғоз намуда, бо истеъмоли меваву сабзавот рӯзи худро давом диҳед. Парҳези шадид карданро дар фасли баҳор тавсия намедиҳем, шумо бояд қувваву нерӯи ҷисмро барқарор созед.

Ба рухсора ях молед

Аслан каме сардӣ инсонро хеле хуб нерӯ мебахшад. Нафарони ҷасуртар субҳи худро оббозӣ дар оби ширгарм оғоз менамоянд. Бо пораҳои ях пӯсти рӯйро молиш додан боиси гардиши хубтари хун ва маҳкамшавии сӯрохиҳои пӯст мегардад. Ҳар субҳ пораҳои яхро ба рӯй молида, аз сурхии табиии рухсора ба ҳайрат меоед.

Поксозӣ, нармкунонӣ ва нигоҳубини пӯст

Барои шустани рӯй оби ҷӯшонидашуда ё гиёҳобҳои ба пӯсти рӯй мувофиқро истифода баред. Ҳар ду рӯз пас метавонед ниқобҳои дастраси хонагӣ, скрабу пилингро истифода баред. Ба нармкунонии пӯсти рӯй диққати хоса дода, ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро ба кор баред.

Маҳс

Маҳси умумӣ ба кас нерӯву тавоноӣ мебахшад. Фаъолнокӣ зиёд мегардад. Барои зебогии пӯсти рӯй чанд сеанси маҳси рӯй кофӣ аст. Рафту худатон мустақилона пӯсти рӯйро маҳс карданӣ бошед, ҳатман мувофиқи хатҳои маҳсӣ амал намоед.

Ошиқи зиндагӣ бошед

Табассум, андешаҳои хуб, самимият, меҳрубонӣ нисбати одамон, нияти нек на танҳо саломатиятонро беҳтар месозад, балки шуморо зебову нуронӣ мегардонад. Зеро зебоӣ аз қалби инсон ҷӯш мезанад, аз сифатҳои накӯяш. Ҳамеша ба рӯзгори пурсаодату пурнишот умедвор бошед, худро эҳтиёт ва атрофиёнро дӯст доред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД