Arzon march 2024
БАҲОР БА ОЛАМИЁН КУРУНОВУ БА МАН ИШҚ ОВАРД...(ҚИСМИ 6)
01.06.2021
ДИЛОШУБ
3475

ИДОМААШ...

Инҷо поёни қисса нест... Гоҳҳо дилаш тангмешаваду занг мезанад. Ман ӯро ба худ одат накунонам гуфта, баъзан ҷавоб намедиҳам. Аммо мехоҳам шодаш бинам ва ба ин хотир баъзан ҳамсуҳбат мешавем.

Қасам додӣ ба ишқат нуқта монам,

Қасам нашкастаму се нуқта мондам...

Пушти пардаи “Дӯстони радиоӣ”

     Ин нуктаро фаромӯш кардан мехоҳам. Мехоҳам аз ин саргузашт танҳо хотироти хуб дошта бошам... Аммо ба худам дурӯғ гуфта наметавонам. Ҳақиқатест дар дилам нуҳуфта: Санавбар ба ман вафодор набуд...ё ман аз рашк чунин меандешам... Ду бор ба хотири санҷидани вафодории Санавбар аз рафиқонам хоҳиш кардам, ки бо ӯ тамос бигиранд ва суҳбат кунанд. Мутаасифона дар ҳар ду маврид Санавбар ба онҳо рӯйи хуш дод, суҳбат кард, аксҳояшро фиристод ва ҳатто розӣ буд, ки во хӯранд... Инро дар як гӯшаи қалбам мехостам дафн кунам, аммо... Агар ҳар нафаре мисли ман ба ӯ меҳрубон мебуд, шояд...

Ва як бор вақте, ки бо ӯ суҳбат доштем, гуфт, ки айни замон дар беморхона сари кор аст. Ман аз ӯ хостам, ки чанд акс бо либоси сафед фиритсад. Ӯ низ фиристод. Дидаму чизе нагуфтам. Фақат баъди ин ҳама воқеаҳо мушоҳида кардам, ки ин аксҳо дар хона бардошта шудаанд, на сари кор. Ин яъне чӣ? Барои чи бояд Санавбарам ба ман дурӯғ мегуфт? Ҳақиқат чист? Намедонам...

Ҳайрон мешудам, охир вақте боре сари ин масъала гап мезадем, ман ишора карда будам, ки гузаштаи ӯ моли ӯ ва гузаштаи ман моли ман ва оянда моли ҳардумон бошад, аммо...

-Баъд чӣ? Баъди ин қадар вақт талоқи шумо содир шудааст.

-Дуруст мегӯед, аммо ман зиёд заҳмат кашида, хона обод кардаам. Хонаву дарам ба номи вай касофат. Бародаронаш гуфтаанд, ки агар шавҳар карданӣ бошад, аз хонаи бародари мо баромада равад.

-Ҳеҷ гап не. Ба Душанбе меоӣ. Хона ба иҷора мегирем.

-Не охир, намешавад. Ман дар он хонаҳо зиёд заҳмат кашидаам. Чор фарзандамро ба танҳоӣ калон кардаам. Дилам намешавад.

-Бигузор! Як хона будааст.

-Падару модарам ҳам мегӯянд, ки беҳтараш падари фарзандонамро қабул кунам. Ману шумо.... шумо ниҳоят ҷавон... ин ҳама сол ман ба хотири фарзандҳоям шавҳар накардам. Акнун духтарам дар хонаи шавҳараш. Бе ин ҳам аз пушти падарашон кӯдаконам зиёд таъна шунидаанд. Боз ҳамин намерасид, ки ба духтарам гӯянд модараш баъд аз ӯ шавҳар кардаву ба ошиқӣ пардохтааст.

-Санавбар ту чиҳо мегӯӣ?

-Ҳақиқатро мегӯям... Кош, мо 20 сол пеш ҳамдигарро вомехӯрдем ва ба ҳамдигар мерасидем. На дарду азоба медидаму на аз овозаи мардум метарсидам...

-Чӣ? 20 сол пеш,–бо ханда гуфтам ман,– 20 сол пеш ман кӯдак будаму дар кӯчаҳо хокбозӣ мекардам. Ту он лаҳза маро дидан мехостӣ?

Аз ин пас, Санавбар кӯшиш мекард аз ман фосила гирад. Албатта барои худаш ҳам душвор буд. Вале медонистам, ки танҳо ҳамин баҳона сабаби ҷудоии мо нест.

Намир...!

Панҷуми апрел буд... Соати чору сӣ дақиқаи субҳ ба ман аз ӯ паёмак омад: “Нафасам мегирад... Мемирам... Маро бубахш! Шодӣ, ҷонамро даст бигир”.

Ин паёмакро ман соати 8-9-и субҳ хондаам. Чӣ гуфтанамро намедонистам. Худоро зорӣ мекардам, ки ин бор ҳам шӯхиҳои бенамаки Ҳусния бошанд... Даҳ-понздаҳ бор ба телефони дастии Санавбар занг задам. Касе ҷавоб намедод. Билохира, Суман бардошт ва гуфт, ки тағоҳояш омада, ӯро бурдаанд. Аз Суман хоҳиш кардам, ки ба кадом беморхона бурданашро муайян карда, ба ман хабар диҳад. Аммо намедонам, шояд аз шарм буд, ки ӯ дигар ба ман занг назад ва воқеаро ман дертар аз забони худи Санавбар фаҳмидам.

Вале ин бор ҳазл набуд... Субҳи содиқ бародаронаш аз дарди зиёд ӯро ба беморхонаи марказии Ҳисор бурдаанд. Духтурон ҷиддӣ будани маразро фаҳмиданд, аммо дақиқан беморияшро фаҳмида натавонистанд ва онҳоро ба Душанбе равон карданд. Дар Душанбе духтурон ба ӯ доруҳои карахткунанда ва таскинбахш доданд, лек мубталои кадом касал буданашро нагуфтанд. Худи ҳамон рӯз гашта, ба хонаашон рафтанд. Вақте бародараш ба берун баромад ва дорухатҳои духтурро дар хона фаромӯш кард, Санавбар онҳоро гирифта хонд... Худаш, ки духтур аст, барояш фаҳмидан душвор набуд, ки ӯ гирифтори саратони мағз шудааст.

Баробари каме ҳолаш беҳ шудан, ба ман занг зад ва ин хабари шумро расонд. Мехостам бовар накунам, аммо ҳамагӣ як рӯз пеш аз бемор шуданаш мо дар Боғи Ғалаба вохӯрда будем. Чанд бор, гӯё пешпо хӯрда бошад, қариб ки меафтод. Ҳатто назди Театри лӯхтак ба зону ҳам афтод. Ман дасташро мегирифтаму ҷое менишондам... Акнун зиндагӣ бароям сахт гардид. Агар Санавбарамро аз чанголи шавҳараш ҳам раҳо мекардам, назди аҷал дастбастаам. Чизе нагуфтам. Забон, ки аз ҳарф гуфтан монд, чашмон ашк резонданд... Санавбар бошад, ба оташ равған мерехт:

-Агар мурдам, мард бош, омада, аз як гӯшаи тобутам бигир. Фарзандонамро дилбардорӣ кун, аз онҳо хабар бигир. Баъди дафнам омада, болои қабрам “Санавбари нокомам” бигӯ...

Ҳеҷ чиз наметавонист маро хушҳол созад. Аввало, ки умуман дар сарам фикри ӯро аз даст додан набуд, аммо баъдтар, ки гап сари баргаштани шавҳар ва тарси аз даст додани хонае, ки солҳо бар ивази ҷавонияш таъмиру тармимаш кардааст, мерафт, ин ҳама сахт набуд. Бигузор ҳатто аз ман набошад, аммо куҷое як гӯшаи дунё бошад ва ман бидонам, ки солим аст ва ҳанӯз ҳам як кунҷаки лабаш табассум боқӣ мондааст. Лек фикри ин ки ӯ маро ва фарзандонашро раҳо карда, якбора фаришта мешавад, инро қабул карда наметавонистам.

ДАВОМ ДОРАД...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД