ИДОМААШ...
Ҷентилмен
Боре каме ҳазл кардем. Ӯ гуфт, ки чаро ҳангоми суҳбат ман ӯро ягон бор набӯсидам. Ишора кардам, ки ин бор агар бинем, ҳатман аз пешонааш мебӯсам. Ӯ бошад:
-Эҳа, шумо бутун ҷентилмен будаед ку?! Охир аз пешониям бобоям ҳам мебӯсад...
-Хайр бинед да...
Ин вохӯрӣ, бо баҳонаи суханҳои худаш, ки гӯё қаҳрам омада бошад, ӯро бӯсидам... Пешакӣ бо ҳазл таъкид кардам, ки агар як бор ӯро бусам, ӯ ним соат ба худ намеояд. Ва чунин ҳам шуд. Ин лаҳза тапиши қалбам аз ӯ вобаста гашт... Аммо гӯё Санавбар бештар мехост. Ҳеҷ намехост лабонашро ҷудо созад... Аммо ман канор гирифтам ва борҳо таънаи ҷентилмен буданро шунидам...
Фоли қалб
Ба сафари хизматӣ бояд ба ноҳияи Данғара мерафтам. Ин хабарро ба Санавбар расондам. Ӯ, ки бе ин ҳам аз ман фосила дошт, якбора андӯҳгин шуду нарафтанамро хоҳиш кард. То ин муддат ман алаккай дар бораи ӯ, падару модар, бародару хоҳарон ва ҳатто фарзандонаш маълумоти зиёд ва то ҷое бо бархе дӯстӣ доштем. Бо хоҳараш Ҳусния баъзан вақт ҳамсӯҳбат мешудем. Ӯ ба ман нақл мекард, ки чӣ гуна рафторҳои апааш дар муддати кутоҳи дӯстӣ бо ман тағйир кардаву ба маротиб дилгармтар шудааст. Дар мавриди чандин бор қасди худкӯшӣ карданаш ҳам ба ман нақл мекард. Ӯро дар байнамон хостгор меномидем. Ҳа, бале... бо писараш Муртазои понздаҳсола ҳам чанд боре бо телефон ҳамсӯҳбат шудем. Ба ӯ барои иҷро кардани вазифаи хонагияш ёрӣ мерасондам...
Дар Данғара бояд чанд рӯзе мемондам. Аз субҳ то шом ва аз шом то субҳ корам сӯҳбат бо Санавбар буд. Як бор дар бораи хоҳарон ва духтаронаш сӯҳбат мекард. Хоҳараш Ҳуснияро медонистам. Номи як духтараш Ёсуман ба номи духтарам Ёсамин монанд. Номи духтари шавҳардораш Сулҳия ва духтари хурдиаш Оиша буд. Намедонам барои чӣ, қалбам ба ман мегуфт, ки ӯ аслан Санавбар ном надорад. Ин номи аслии ӯ буда наметавонист. Дар суҳбати телефоние ба ӯ гуфтам:
-Номи воқеии ту чист?
-Чиро дар назар дорӣ? Ман Санавбар, ту медонӣ кӯ?!
-Не, ту Санавбар нестӣ. Бо шунидани номи хоҳарону духтарат ман яқинам, ки номат Лутфия аст..
Чизе нагуфт ва телефонро хомӯш кард. Бовараш наомад, ки ин номро қалбам ба ман гуфтааст. Ман барои номи аслии ӯро фаҳмидан ба Ҳисор нарафтаам ва аз касе ҳам суол накардам. Фақат дилам гуфт. Дили девонаам, ки вақтҳои охир чӣ хостанашро намедонистам.
Баъдтар худаш тамос гирифту пурсид, ки аз куҷо номи аслияшро медонам. Ба ҳеҷ ваҷҳ бовараш намеомад:
-Наход дилат ҳамин гуна нишонрас бошад. Агар номи ман Лутфия неву Зулфия бошад чӣ?
-Не, ин хел буда наметавонад. Номи ту бояд Лутфия бошад, на чизи дигар.
-Хуб, шумо номи маро ёфтед. Акнун метавонед номи аслиямро гирифта, садо кунед.
-Не, ман ин корро намекунам.
-Барои чӣ?
-Дар зеҳнам ман туро ҳамчун Санавбар медонам. Ман ошиқи зане бо номи Санавбар гаштаам, на Лутфия. Он лаҳза ки гуфтам “Санавбар, туро дӯст медорам!”, ҳамон лаҳза ин калима дар мағзи устухонам ҷо гирифт. Санавбари ман то охир бароям Санавбар мемонад.
Хонае, ки обод кардааст
Боре маро ба хонааш ба шаҳри Ҳисор даъват кард. Не нагуфтаму розӣ шудам. Ёсаминамро гирифтаму ба хонааш меҳмонӣ рафтем. Маро Санавбар ва фарзандонаш хуб истиқбол намуданд. Ҳусния зиёд мехост, аммо омада натавонист. Сари дастархон гузаштем. Ҳамагӣ бо ҳам. Ба наздам мурғи бирён оварданд. Маълум буд, ки зиёд барои омаданам омодагӣ дидааст. Омада аз барам нишасту ду-се луқма бардошт. Ман ӯро боз доштам. Охир хӯрдани таомҳои бирёншуда барои ӯ мумкин нест, вале ба хотири ин ки ман худамро танҳо эҳсос накунам ва хиҷолатзада нашавам, то охир наздам нишаст ва ягон-ягон даст ба мурғи бирён мебурд. Агар инро як нафари дигар мекард, ман ин ҳама эҳсосотӣ намешудам, аммо ин ки ӯ ба саломатияш нигоҳ накарда маро ҳамроҳӣ намуд, маро ғарқи андешаҳо сохт. Итминон доштам, ки дар ҳар ҳолате Санавбарам бо ман мемонад. Ҳангоми сӯҳбат муқобили ману Санавбар нишаста, ба мо нигоҳ мекард. Нигоҳҳояш аҷиб будад. Санавбар ӯро ба ман нишон дода, бо табассум гуфт:
- Дидӣ, духтарат нигоҳ дорад, то фаҳмад ману шумо ҷуфти муносиб ҳастем ё не.
Зиёд гуфтему хандидем... Вақте рафтан пеш аз ман хесту пойафзолҳоямро пеш ниҳод ва дар даст обу сачоқак омад. Ба дастонам об мерехт ва ман ба ӯ нигоҳ мекардам... Зиёд нигоҳ кардам... Санавбар ҳайрониямро мушоҳида карду пурсон шуд:
- Чаро ҳайратзада менигаред?
- Намедонам, охир якумбор касе ба дастам об мерезад.
- Эҳ, магар ҳамсаратон Ҷамила ягон бор дастатона об намегирад?
Чизе нагуфтам ва ҳамоно нигоҳаш мекардам... Вақти рафтан хайрухуш карда, Ёсуманро аз дасти Оиша гирифтам. Санавбар бо забони кӯдакона “биё-биё” гуфт тарафи Ёсуман. Ёсуман бошад, рӯяшро тарафи ман гардонд. Санавбар бошад:
- Эҳ доноча, ун тарафаш моиндар дя!
Шарм доштам. Охир ман худро ба фарзандони ӯ ҳамкор гуфта, шинос карда будам.
“Кампирак ва ҷавон”
Дар боғ қадам мезадем... Ҳар кӣ тарафамон менигарист, аз ҳаё гунаҳои Санавбар сурх мешуданд. Мепурсидам:
- Чаро ин ҳама хиҷолатиӣ? Магар аз бо ман будан шарм медорӣ?
- Ҳа. Ниҳоят шарм медорам. Мардум чӣ мегуфта бошанд. Шояд мегӯянд: “Ин кампира бин, бачаи ёша ба дом афтондааст”.
- Эҳ... ин хел нагӯ. Мардум ба мо чи кор дорад? Муҳим ин ки мо ҳамдигарро дӯст медорем ва бе ин ҳам ту аз ман он қадар калон нестӣ. Ҳамагӣ 8 сол. Фақат барвақттар соҳиби фарзанд шудаӣ. Ҳа, исто. Ту аз ман фарзанддор шудан мехоҳӣ?
- Чаро намехостаам? Ҳатман писраи ман мисли падараш ҳамин гуна қад баланду зебо мешавад.
ДАВОМ ДОРАД...