Formula novemver 2024
Баҳодури Ғафурзод ба Амрико мекӯчад?
3730

 

-Шуморо ба идораи сомонаи Оила. ТҶ хайрамақдам мегӯем!

-Ташаккур, ки гоҳ-гоҳ мо, ҳунармандонро суроғ мекунед ва аз ҳолу аҳволамон пурсон мешавед.

-Баҳодур, чаро Шумо мисли дигар ҳунармандони тоҷик тез-тез клипҳоятонро пешкаши мухлисон намесозед?

-Касеро бо суханонам ранҷондан намехоҳам, вале клипи хуб ба навор гирифтан хоҳӣ, бояд ба Дубай, Амрико ва Туркия сафар кунӣ ё аз хориҷа клипмейкер даъват намоӣ. Ман як мисол меорам, вақте Садриддини Наҷмиддин ва бонуи ҳунарманди афғон Ғизол дар Тоҷикистон суруди шодравон Кароматуллои Қурбонро клип карданӣ шуданд, барои сабт аз хориҷа мутахассисонро даъват карданд. Диққат дода бошед, сифати он клип бисёр олӣ аст.

-Тамоми сурудҳои шумо аз нигоҳи касбӣ дар сатҳи бисёр баланд қарор доранд. Махфӣ набошад, мегуфтед, ки дар эҷоди ин таронаҳои олиҷаноб киҳо бо шумо ҳамкорӣ мекунанд?

-Матни тамоми сурудҳоямро Орзу Исоев менависанду худам ба оҳанг медарорам. Дар шаҳри Тошканд бо як ширкати сабти овоз робитаи зичи корӣ дорам. Сараввал сурудро дар Душанбе месароям, баъд онро тавассути интернет ба Тошкент равон мекунам, то дар сатҳи баланд коркард намоянд. Таҳияи суруд дар сатҳи профессионалӣ маблағ ва қувваи зиёдеро талаб менамояд.

-Пас, суруду таронаҳои марғуби Баҳодури Ғафурзод самари меҳнати оранжировшикҳои тошкандӣ будааст...

-Мо оранжировшикҳои хуб дорем, вале ман тамоми он нозукиҳоеро, ки дар суруд дидан мехоҳам, маҳз дар кори мутахассисони кишвари ба мо дӯсту бародар пайдо намудам. Имрӯз ҳатто ҳунармандони беҳтарини рус сурудҳояшонро дар шаҳри Тошканд сабт мекунанд.


Одатан баъди ба шавҳар баромадан хонумҳои сароянда хомӯшӣ ихтиёр менамоянд ва аксарияташон ҳамчунон хомӯшона тарки саҳна мекунанд, аммо тавлиди пай дар пайи ду шоҳписар низ натавонист Зулайхо Мамадшоеваро аз санъат ва мухлисонаш дур созад.

 


-Аз тоҷикон бо киҳо ҳамкорӣ доред?

-Аксари сурудҳои маро бародари гиромӣ Зайниддин Каримов оранжировка мекунанд.

-Шумо натанҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забони русӣ низ бе “акцент” суруд мехонед. Ба ғайр аз ин ду забон боз бо кадом забонҳо суруд хонда метавонед?

-Дар оянда ният дорам, ки бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ суруд хонам.

-Шумо ҳам мисли устодатон Садриддини Наҷмиддин барои ба хориҷа роҳ ёфтан кӯшиш карда истодаед?

-Чаро кӯшиш накунам, охир ҳунар сарҳад надорад. Садриддини Наҷмиддин имрӯз обрӯи санъати тоҷикро дар хориҷи кишвар баланд бардошта истодааст. Агар чунин бахт ба банда низ насиб гардад, худоро шукр мегӯям.

-Ташаккур барои сӯҳбати ошкоро!

Сӯҳбаторо: Нодира

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД