Бахтинисо зери чархи мошин монду...
Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи марговар дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки бар асари он ду нафар зиён дидаанд. Тавре ки манбаъ менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Муртазоев Зоиршо Маҳмадмуродович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кулоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абайи пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, якбора ду пиёдагардро пахш кардааст. Дар натиҷа Бахтиниссо Араловаи 42-сола ва Тағоймурод Каримови 63- сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Мутаассифона, Бахтинисо Аралова бар асари ҷаҳратҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.