arzon replenishment
БАХТИ СИЁҲИ ЯТИМДУХТАР (ҚИСМИ 2)
03.01.2021
ОИЛА
2996

ИДОМААШ...

Ҳалқаи номус дар гардан, сабр занҷири по, бори гарони муросо мекашам, модарҷон. Таъмини рӯзгор бар дӯш, кафили тарбияту камоли фарзандон, додгустарӣ наёмад аз дастам. Бесадо гиристам, бесухан нола кардам зор шабҳои танҳоӣ. Шабҳое, ки хаставу лакот аз кор баргашта, пас аз интизориҳо рӯи гаҳвора ғанаб мебурд маро. На ҳар иродаи мард аз макри шайтони шароб ва оҷузи зино ғолиб будаст, олудаи фасодро имон заиф гардад.

Шаробзадаро чизи муқаддасе нест, на сухан, на қавл, на раҳм на вафо. Ҷаҳлу ҷунун оқибат кунду вожгун месозад ақл, хайф, сад ҳайфи ин ақли мард. Муттаҳам мекунад шароб, ғарибу бенаво мекунад шароб. Имшаб қарор додам, меравам аз ин дунёи фонӣ. Дигар дарахти сабрам хушкид, ниҳоли тамкини ман бор наовард, ҳар рӯзу моҳи умри ғамолудаи ман хазони рӯи каф беш набудааст. Маро бубахш модар, ҷуз ту каси суханшунавам нест. Ризоияти рӯҳи ту мехоҳам…

Субҳ барвақт хеста, рӯи ҷогаҳи духтаракам Муҳиба нишастам. Оҳиста мӯйҳои парешони ӯро тахт кардам, хоби ширини ўро халалдор сохтан нахостам. Дар рӯи катча онсӯтар писарчаи хурдиам Сарафроз хоби маст буд. Ба мехр аз рӯяш бусидам, як ҷунбиду боз ба хоб рафт. Дил тоб хӯрду ларзаи ба дасту поямдавид. Наход ин дидори охир бошад, наход ҳамин тавр чизе нагуфта, огаҳ накарда падруд бигӯям, бо ин дунёи носозгор. Баъд…

Баъдчӣ мешавад? Пеши чашм овардам, он чиро, ки баъди рафтани ман рух хоҳад дод. Худро вораҳонида фарзандони худро ба чоҳи ғаму ғарбати якумара намеандозам? Чун ҷисми беҷони маро аз дарё мекашанд, аввал аламу мусибати фарзандони ман намешавад? Ҳайрону зор аз кӣ мадад меҷӯянд? Аз падари сангдилу майзада? Дили кӣ месӯзад ба рӯзи талхи онҳо, чун падари бепарво ба ҳоли худ гузорадашон. Кӣ модар мешаваду мехрубон ба ҷои ман?

Муҳиба арӯси нозанине хоҳад шуд, ҳаққу ҳамсояҳо ҳаваси ақли расою ҳусни волои ўро мехӯранд, вале андеша доранд хостгорон аз шаробхорагии падар. Сарафроз аз ноилоҷӣ магар аз бахри хондан барояду фикри як бурда нон ёфтан кунад, то хоҳараку додарчаи мактабхонаш Ширину Сиёвуш гадай накунанд. Падар бо ҳақорату дашном рӯзашонро аз будааш сиёҳтар мекунад.

Ва он гаҳ зери хок осуда метавонам хуфт? Дар хонаи дигар, гӯё ҳеҷ воқеае рӯй надода бошад, хурроккашон падари бачаҳо ба хоби сахт рафта буд. Бо кароҳат ба чашмони варамидаю пӯсти аз заҳри шароб сиёхгаштаи ӯ як назар андохтаму боз бишкастам дар худ. Худоё чӣ заифу нотавон кардаст ӯро шароб?! Сӯи дар чанд қадами устувор мондам.

-Модарҷон, куҷо меравед ин қадар барвақт? - чашмони хоболуди худро молида хест Сиёвуш. У имсол бори аввал ба мактаб рафт. Барвақт мехезад ҳар рӯз, ки мабодо ба мактаб дер накунад. Аввал сарулибоси озодаи мактабӣ, китобхову анбонашро хабар мегираду баъди он ба меравад.

-Ба куҷо мешуд, ба кор…, - гӯё сари ҷинояте дастгир шуда бошам, ба таҳлука мондам аз қарордоди худ.

-Тезтар биёед, майлаш, - банохост илтиҷоомез гуфт Сиёвуш. Дадаи боз арақхӯрда моро ҷанг мекунад… Башаст қафо гаштам. Сари Сиёвуши ҳайронмондаро сахт ба сандуқи сина пахш кардаму аз дард беихтиёр инони гиряро сар додам. Рӯй ба сару мӯяш молидам.

-Не, бачаҷон, дигар ҳеҷ вақт дадаш шумоёнро чанг намекунад, дашном на-

медиҳад…

-Охир шаб шуморо зад-ку., - нобоварона даст ба гарданам ҳалка кард писарчаам.

-Маро ҳам дигар намезанад, -қатъӣ ва боваринок гуфтам на- хустин бор. Кадом куваев маро мадад мекард аз ғайб.

-Дар ин хона дигар ҳеҷ гоҳ касе дашном намешунавад. Ҳеҷ кас дигар таҳқир намебинад! - такрор ба такрор фиғон мекашидам бехудона.

Бехабар аз он ки Муҳибаю Сарафроз ва шавҳарам кайҳо бедор шуда хомӯшона ба ин саҳнаи ҳазин менигаристанд. Ҷуръат намуда нотарсона бори аввал рост ба чашми шавҳарам нигаристам. Омода будам ин лаҳза ба ҳар зарбае, ба ҳар муқобилияте. Ғайричашмдошт, ӯ гунаҳгорона сар поён афканд…

Оҳ модарҷон, маро бубахш, барои як лаҳза кӯтоҳақлӣ, барои як лаҳза беиродагиам. Шояд ин қудрати рӯҳи ту буд, ки мададгорам гашт. Сағира на тахт дорад, на бахт. Солҳои тулоне чашидам талхобаи ин суханро. Лек танҳо ҳамин рӯз фаҳмидам, ки кувваи илоҳӣ бузургтар будаст аз хама. Фотиҳаи ҳар бахту ишқ аз хосту фармоиши ӯст. Ба хотири бахти фарзанд зистан ҳам бахти хосае будаст аз инояти Худованд. Субҳи нав медамад софу мубарро.

Қасам ба рӯҳи поки ту, модар, зиндагиро аз сар дӯст хоҳам дошт. Дастам бигир…

Муқаддаси ту"

Таснифи САБРИН

 

(мавод аз бойгонӣ)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД