Фаришта! Чӣ хел дилат шуд, ки дар ҳаққи ман тӯҳмат карда, зиндагиамро вайрон кунӣ? Писари ман чӣ гуноҳ дошт, ки ӯро бе падар кардӣ? Кори кардаат писандат омад?
Акнун дилат ором гирифт? Ман туро дугонаи ҷонии худ дониста, ҳама сирри диламро ба ту мегуфтам. Ба он хотир, ки ба ту боварӣ доштам, на барои он ки ба шавҳарам занг зада, ҳамаашро нақл кунӣ. Бо ин кори кардаат дар байни дӯсту душман чӣ қадар обрӯ гирифтӣ? Дониста мон, ки чӣ гунае маро хонавайрон кардӣ, ҳамон гуна хонавайронат мекунам, ҳаётатро месӯзонам, шармандаи ду дунё мекунам. Ҳеҷ амал дар ин дунёи фонӣ бе ҷавоб намемонад. Дари касеро бо ангушт бизанӣ, ҳатман даратро бо мушт мекӯбанд.
Чуноне ки маро ба шавҳарам “нодухтар буд” гуфта, хонавайрон кардӣ, ман ҳам ба дӯстдоштаат занг зада, бероҳа буданатро мегӯяму туро аз ӯ ҷудо мекунам. Беҳуда занг зада, зориву тавалло накун ва аз ман бахшиш ҳам напурс, зеро дигар фоида надорад. Ин коре, ки ту кардӣ, лоиқи бахшидан нест. Ҳаётамро сӯзондӣ, фарзандамро зиндаятим кардӣ, ба дилам ханҷар задӣ, то дами марг намебахшамат. Як бор зиндагиат вайрон шаваду ҳаётат бисӯзад, баъд мефаҳмӣ, ки тӯҳмат кардан чӣ будааст. Ҳайфи ман, ки ба ту бовар кардам. Аз ту нафрат дорам, туро дигар дидан намехоҳам!
Зулола, хонандаи “Оила”