sebiston july new
БАХТ МЕХОҲАМ, ДОВУД!
11.01.2021
ОИЛА
3434

 

ДОВУД! Дигар сари роҳат намебароям. Дигар аз пасат девонавор намедавам. Ишқи туро дар қаъри дилам мекушам. Кӯшиш мекунам, ки фаромӯшат кунам, зеро тобу тавони бардоштани ин ҳама найрангатро надорам.

Ишки поки маро зери по кардӣ, вале бо ин ҳама бевафоиҳот агар боз ҳам маро гунаҳкор медонӣ, аз ту узр мехоҳам.

Кош аз аввал дӯстат намедоштам ва ин дили зардобамро дар ғамат хун намекардам. Талхии заҳри хиёнати ту аз талхии марг бадтар аст, кошкӣ дар кӯдакӣ мемурдаму заҳри хиёнататро начашида аз олам мерафтам. Медонӣ, чи қадар дард мекашам? Гоҳо он қадар ҳолам бад мешавад, ки мехоҳам диламро аз қафаси сина канда пеши гурги гуруснае партоям. Бевафои бемурувват, наход ба ҳоли зорам раҳмат наояд?!

Фаромӯш накун, дар ду дунё ту дигар мисли ман ёри вафодор намеёбӣ! Ман будам, ки тамоми нозу нузатро мебардоштам ва туро тоҷи сар мекардам. Ишқи ман пок буд ва пок мемонад. Бирав бевафо, ба ҳаққи ҳамон худои бузурге, ки ин ишқи бузургро дар дилам ҷой кардааст, туро мебахшам ва бароят бахти сафед мехоҳам!
М....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД