Хонадони фарҳангӣ
Амаки Гулмаҳмад ва холаи Адолат ҳафт писару чор духтар доштанд. Зану шавҳар ба тарбияи фазандонашон диққати ҷиддӣ медоданд, ҳамин буд, ки ҳама бачаҳои амаки Гулмаҳмад донишгоҳу донишкадаҳои олиро хатм намуда, соҳиби касбу кор ва ному нон гаштанд. Падар ҳамеша аз фарзандонаш хоҳиш мекард, ки баъди хатми мактаби олӣ ҳатман ба ноҳия баргашта, хизмати халқро кунанд, дар шаҳр бе онҳо ҳам мутахассис мерасад. Аз шаҳр қимоб будани амаки Гулмаҳмад сабаб дошт. Бародари ягонааш, нишонаи охирини падару модааш-Ёдгорҷонро маҳз шаҳр аз ӯ ҷудо кард…
Фалокати шодикуш
Амаки Гулмаҳмад тез-тез даврони ширинтарини умраш-замони кӯдакиашонро ба ёд оварда, оҳи сард мекашид. Онҳо дар ҳавличаи зебою озодаи падарӣ дар пойдомани куҳҳои сарбафалаккашида зиндагии тинҷу осудае доштанд. Падараш ҷангалбон буду модараш хонашин, вале як дам оромӣ надошт. Баҳору тобистони дароз аз куҳҳо гиёҳу меваҳои кӯҳиро чида, хушк мекарду захира менамуд. Тирамоҳу зимистон қисме аз ин меваҳоро корафтодагон мехариданд, қисми дигарашонро аҳли оила маза карда мехӯрданд ё ба хешу табор ва ошноҳои падараш медоданд…
Ёд дорад, як шаби пуртаҳлукаи баҳорӣ борони сел борида, замину замонро об зер кард. Падару модараш Гулмаҳмад ва додаракашро ба болои бом бароварданду худашон барои овардани чизе ба поён рафтанд… Рафтанду бо ҳамин дигар барнагаштанд….
Субҳ ду кӯдаки аз гиряву фиғон беҳолшударо хешу табор пайдо карда ба духтур бурданд. Табибон онҳоро бо сад азоб аз чанги аҷал наҷот доданд, вале…
Гулмаҳмади кӯчак баъди аз беморхона баромаданашон фаҳмид, ки падару модараш дигар ҳаргиз барнамегарданд. Ҳамон шаби наҳс оби дарё баланд шуда, онҳоро ба коми хеш кашида буд…
Ёдгор
Бибию бобои падарияш онҳоро бо сад ноз парвариш мекарданд. Пиру кампир маслиҳат карда, номи додаракаш Мираҳмадро гардонданд ва чун ёдгорӣ аз волидони ҷавонмаргаш ӯро Ёдгор ном ниҳоданд…
Солҳо турнасон мегузаштанд, онҳо қад кашида ба камол расиданд. Гулмаҳмад ба курси ронандагӣ дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намуд ва дар совхоз ронанда шуд, Ёдгорҷон бошад, баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ роҳи шаҳри Маскавро пеш гирифта, ба аспирантура дохил шуд…
Бобою бибияш аллакай дунёро тарк гуфта буданд, аз ҳамин сабаб амаки калонияш саробонӣ кардани ин ятимонро қарзи худ дониста, духтари калонияш Адолатро бо Гулмаҳмад хонадор кард. Совхоз барои ин ҷуфти ҷавон ҳавличаи навсохти зебое туҳфа кард. Гулмаҳмад аз пайи зиндагӣ шуд, вале Ёдгор…
Бачаи шаҳрӣ
Он вақтҳо телефони мобилӣ набуд ва Гулмаҳмад ҳар ҳафта як бор ба маркази ноҳия рафта, аз почта ба хобгоҳи додараш занг мезад, то аз ҳолу аҳволи ӯ бохабар шавад. Ёдгор ҳар тобистон ба деҳа ба хабаргирии бародар ва амакаш меомад. Онҳо мехостанд ӯро бо ягон духтари зебои деҳа хонадор кунанд, вале Ёдгор рӯйирост мегуфт, ки вай дар қишлоқ зиндагӣ карданӣ нест, Маскав барояш писанд аст, ягон духтари хондагии зеборо ба занӣ гирифта, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунад…
Арӯси бе рӯймол
Адолату Гулмаҳмад соҳиби писар гаштанду Ёдгор барои табрики онҳо омад. Ин дафъа ӯ танҳо набуд. Ёдгор духтараки зебои русеро ҳамроҳаш оварда буд ва ӯро бо акаву янгааш шинос карда гуфт:
-Ин ҳамсари ман- Маша.
Гулмаҳмад базӯр қаҳру ғазабашро фурӯ бурд ва ба нею нестони додараш нигоҳ накарда, гов кушта халқи деҳаро тӯй дод. Адолат ба Машаи чашмкабуд, ки рус бошад ҳам, бисёр духтари меҳрубон ва ширинрӯю дилкушод буд, куртаи чакан пӯшонда, арӯси ҳеварашро ба сари тахт баровард. Ин бори аввал буд, ки арӯс бо рӯйи кушода дар тӯйи худаш мерақсид ва мардумро хайрамақдам мегуфт…
Хотири Гулмаҳмад баъди тӯй каме ҷамъ шуд, зеро Маша рус ҳам бошад, инсони хуб менамуд…
Дар орзуи писар
Солҳо пай дар пай мегузаштанд, фарзандони Гулмаҳмаду Адолат ёздаҳ нафар шуданд, аммо нахли умри Ёдгору занаш бор намеовард. Онҳо ҳарду табибони номдор-Маша духтури занона, Ёдгор профессор буд, аммо ба дарди ҳазорон корафтодагон дармон бахшида, ин ҷуфти зебо ба дарди худашон дармон намеёфтанд. Дар бадали ин солҳо ягон клинникаи машҳуре намонд, ки ин зану шавҳар сар нахалонда бошанд, аммо такудавашон ягон зарра суд набахшид…
Келини «бапойи қадам»
Фарзанди калонии амаки Гулмаҳмад Мансур, ки Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, алаккай ба кор шурӯъ карда буд, зан гирифт. Ёдгору Маша бо туҳфаҳои зиёд расида омаданд. Хона пур аз меҳмон, аммо ҳангоми ба сари тахти шоҳона баровардани домоду арӯс якбора авҳоли холаи Адолат бад шуд. Маша барои вайрон накардани тӯй худаш ӯро ба беморхонаи маркази ноҳия бурда, ҳамроҳи табибон муоина кард. Маълум шуд, ки дар синни панҷоҳсолагӣ Адолат ҳомиладор шудааст. Маша зани ҳеварашро ба оғӯш кашида гуфт:
-Табрик қаҳрамонмодари ман! Ту хушбахтӣ, ки бори дувоздаҳум соҳиби фарзанд мешавӣ!
Адолат дар ҳолати ногувор монда, бо ашки шашқатор аз Маша ва духтурон хоҳиш мекард, ки ӯро аз тифли батнаш халос кунанд.
-Айб аст охир, аз фарзандон ва келинам шарм медорам. Ба наздикӣ мо духтари калониамонро ба шавҳар медиҳем. Наход ман, зани келину домоддор ба таваллудхона равам,-мегуфт бо оби дида Адолат…
Бо шунидани ин суханон рангу рӯйи Маша парид ва бо ғазаб дод зад:
-Адолат, медонӣ, ки ман барои ҳомиладор шудан чӣ қадар маблағ сарф кардаам? Барои институтҳои ин соҳа мисли мошини таҷрибаомӯзӣ шудам, аммо ба мақсад нарасидаам! Худо ба ту ин неъматро арзонӣ доштаашту боз ношукрӣ мекунӣ?! Ин кӯдак, агар ба ту лозим набошад, таваллуд карда ба ману Ёдгор деҳ, мо ӯро мисли гаҳвараки чашмонамон эҳтиёт карда, ба воя мерасонем…
Адолати сару калобаашро гумкарда бо аломати ризо сар ҷунбонд…
Тифлаки деринтизор
Дар ҳаштмоҳагии тифли батнаш Адолат аз рӯйи маслиҳати пешакӣ ба Маскав парвоз кард ва дар зери назари беҳтарин пизишкон тифлакашро ба дунё овард. Ба навзод, ки писараки зебою ширин ва паҳлавонча буд, Фаёз ном ниҳоданд. Адолат пас аз баромадани чиллаи писараш, ӯро дар Маскав монда, ба деҳа баргашт. Дили Адолат барои писараки зебояш месӯхт, вале барои шодмонии ато намудааш ба ҳевару авсунаш худро хушбахт эҳсос мекард. Оҳиста-оҳиста вай ба набудани Фаёз одат кард…
Ёдгору Маша бошанд дар Маскав дар гирди писараки азизашон парвона буданд ва ӯро бо нозукиҳои зиёд парвариш мекарданд…
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!