Commerce bank may-june 2026
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар куҷо консерт ва чорабиниҳои идона баргузор мегарданд?
27.06.2026
Oila.tj
195

Имрӯз, 27-уми июни соли 2026 бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барномаҳои гуногуни фарҳангӣ доир мегарданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе шоми 27-уми июн, соати 18:00 бо ташаббуси МИҲД-и шаҳри Душанбе дар Майдони Истиқлол барномаи калони консертӣ баргузор мегардад, ки дар он ситораҳои сатҳи ҷаҳонӣ - Артик ва Асти, МОТ, Николай Басков, Арша Ризоӣ ва сарояндаҳои машҳури тоҷик - Нозияи Кароматулло, Фаррух Ҳасанов, Меҳрнигори Рустам ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд. Тамошои барнома комилан ройгон аст.

Бахшида ба ин санаи муҳим дар шаҳри Ваҳдат ва дигар минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ намоишҳои театрӣ, ярмаркаҳои кишоварзӣ ва барномаҳои рангини консертӣ барои сокинони маҳаллӣ доир хоҳанд гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД