Lmarka 2025
Баъди боздошт ҳам “алик-малик”-бозони Панҷакент корашонро идома медиҳанд
23.04.2025
Oila.tj
1078

Ҳарчанд қаблан 2 маротиба дар бораи “алик-малик”-бозони назди бозори калони шаҳри Панҷакент, ки бо номи "Латтабозор" маъруф аст, мавод аз рӯи шикояти сокинони ин шаҳр нашр карда будем, вале ин гурӯҳи мардумфиреб то ҳол бо бозиҳои дурӯғини хеш ба гӯл задани мардум машғуланд.

Моҳи январи соли ҷорӣ 3 тан аз аъзои ин гурӯҳ баъди нашри маводи сомонаи Oila.tj боздошт гардида, ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс карда шуда, тавассути барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и вилояти Суғд ва “Ахбори ВКД” хабар дода шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ боздошти онҳо нашр гардида буд. Дар хабари боздошти онҳо гуфта шудааст, ки онҳо қаблан низ бо ҳамин ҷурм боздошт шудаанд. Онҳо дар навор ваъда доданд, ки дигар ба ин кор даст намезананд ва дар ҳолати такроран даст задан ҷазои сахттар пешниҳод карда шавад. Инчунин, худи қиморбозон ба шаҳрвандон гуфтанд, ки ба ин бозии мардумфиребӣ бовар накунанд.

Вале аз рӯйи навору аксҳое, ки сокинони шаҳри Панҷакент ба мо равон карданд, онҳо баъди ин боздошт низ ислоҳ нашуда, баъди чанд моҳи боздошт ин кори худро дигарбора дар назди “Латтабозор” имрӯзҳо идома дода истодаанд.

Мо умедворем, ки масъулони ин шаҳр ин бор ба мавзӯи мазкур ва гурӯҳи қиморбози мардумфиреб бо ҷиддият муносибат хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД