Arzon march 2024
Бадгумон нашавед, акаҳо!
09.07.2023
ОИЛА
1473


Салом! Ман Рустам ҳастам ва мехоҳам як ҳодисаи чанде пеш рӯй додаро нақл кунам, то ба тамоми ҷавонмардони бадрашку бадгумоне, ки дар сари қаҳру ғазаб ақлашон тира мегардад, дарси ибрат шавад ва пеш аз оне, ки ба сари хоҳар, апа ё ҳамсарашон даст мебардоранд, фикр кунанд, ки ҳамин зани бечора дар асл ягон гуноҳ дорад ё не.

Халтаҳои пурбор дар даст нав аз кор баргашта аз дарвозаи хонаам медаромадам, ки садои фарёди ҷонкоҳи духтари ҳамсоя ба гӯшам расид: “Назан, мекушима, тавба кардам, акаҷон, хоки поят шавам, назан…» ҷонҳавл дод мегуфт ҳамсоядухтарамон Сабрина. Ташвиш шудам, ки чи ҳодиса рӯй дода бошад ва халтаҳоро аз дарвозаамон дарун гузошта, ҷонҳавл ба сӯйи хонаи ҳамсоя давидам.

Сабрина бо мӯйҳои парешон рӯяшро дошта зор-зор гиря мекард, акааш Акмал бошад, гулдон дар даст хоҳарашро бо он заданӣ буд ва девонавор дод зада, суханҳои қабеҳ мегуфт. Ман Акмалро маломат кардам, ки барои чӣ духтари бечораро мезанад, вале ҷавон хунсардона “хоҳари ман аст, хоҳам мезанам, хоҳам мекушам, ба ту чӣ” гӯён, маро аз хонаашон берун карданӣ шуд.

Чун дидам, ки бо хубӣ пеши роҳи ин ҷавони муштзӯрро гирифта намешавад, таҳдид кардам, ки агар худи ҳозир лату кӯби духтарро бас накунад, ман ба милитсия занг мезанам. Ҳамин тавр бо шунидани номи милиса ба тани бачаи ҳамсоя мурғак дамид ва ба зорӣ даромад, ки хотири ҳамсоягӣ ин корро накунам. Хулоса, баъди аз чанги бародари золимаш халос кардани Сабрина сабаби моҷароро пурсон шудам. Духтар дар аввал аз пештара бештар бо алам гириста, чизе нагуфт, вале вақте ки бародараш “ман ӯро бо як бача дасти ба даст дидам, ҳоло ҳам шукр гӯяд, ки накуштамаш” гуфт, садо бароварда “Акаҷон, бовар накунед, дурӯғ мегӯяд, он ҷавон дар асл дӯстдоштаам не, ҳамсинфам буд.

Мо ҳарду аз имтиҳон баромада ба хона меомадем. Дар роҳ тасодуфан бо акаам рӯ ба рӯ шудем. Вай гумони бад бурд ва нархи сабзию пиёзро напурсида маро лагадкӯб кард” гуфту қасам хӯрд, ки байнашон ягон чиз нест, агар бовар накунем, метавонем худи ҳозир ба он ҷавон занг занем.

Ман ба покдомонии духтари ҳамсоя бовар доштам, вале ба хотири он ки акаааш ҳақиқати ҳолро фаҳмида, ором бигирад, ба он ҷавон занг задам. Бечора бача не нагуфта, дарҳол ҳамроҳи ду-се ҷӯрааш расида омад. Пурсидем, ки ту бо Сабрина чӣ муносибат дорӣ, ҷавон қасам хӯрд, ки ягон бор ба Сабрина бо чашми бад нанигаристааст ва ӯро ҳамчун апааш медонад. Ҳамсинфонаш низ гапҳои ӯро тасдиқ карданд. Бародари Сабрина шарм дошта «Ака, шумо ҳам ба ҷои ман мебудед, хоҳаратонро бо бачаи бегона дида, гумони бад мекардед. Дар сари қаҳр ин корро кардам” гӯён, бахшиш пурсид, вале духтар рӯяшро гардонда, бахшиши ӯро қабул кардан намехост.
Он рӯз илоҷе карда, ман бо панду насиҳати зиёд хоҳару бародарро оштӣ додам, вале ба хотири он ки ин ҳодиса ба дигар бачаҳо ва ҷавонмардони бадрашку бадгумон дарси ибрат гашта, бо ҳар баҳона ба сари хоҳар, апа ва ҳамсарашон даст набардоранд, онро рӯйи коғаз овардам.
Бадгумон нашавед бародарони азиз, чунки мардиасил ва мусалмон набояд ба бадгумонӣ роҳ диҳад. Пеш аз он ки ба сари зане даст мебардоред, андеша кунед, ки ин зан дар асл ягон гуноҳ дорад ё не. Паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (С.С) таъкид кардааст, марде, ки бе сабаб занро мезанад, аз мо нест!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Рахмон 2023-07-11, 02:23
Охи хубш кардай дасто ба даст накна ичиш нага и дхтаро ба хубира нестан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Рахмон 2023-07-11, 02:23
Охи хубш кардай дасто ба даст накна ичиш нага и дхтаро ба хубира нестан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД