Гирдиҳамоие, ки тӯли 3 рӯз боз дар Бадахшон, аниқараш дар маркази Вилоят-шаҳри Хоруғ ҷараён дошт, ниҳоят ба поён расид. Дар ин бора Sputnik дар такя ба манобеъи худ дар Бадахшон хабар додааст...
“Мақомоти амниятии Тоҷикистон расман аз поёни гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Хоруғ-маркази ВМКБ хабар дод. Гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 –уми ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд, соати 20:00-и рӯзи 28-уми ноябр қатъ карда шуд,”—менависад Спутник дар такя ба маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ.
Ёдрас мешавем, ки иштирокчиёни гирдиҳамоӣ бо талаби таҳқиқи холисонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони ин ҳодиса рӯзи 25-уми ноябр ҳамчун разми эътироз ҷасадро ба назди бинои ҳукумат оварданд.
Ба қавли мақомот Гулбиддин Зиёбеков дар содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват бар пояи ихтилофоти қавмӣ ё динию нажодӣ гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гашт ва баъдан ба ҳалокат расид. Зиёбеков дар гаравгонгирӣ ва муддати 8-соат азобу шиканҷа додани ёрдамчии прокурор муттаҳам дониста мешуд, аммо баъзе сокинони маҳал бо шарти пинҳон доштани ному насабашон ба “Пресса. тч” гуфтаанд, ки дар асл ҳамон вақт, яъне соли 2020 ин ҳомии ҳуқуқро барои пешниҳоди беадабонаи муносибати маҳрамона ба як духтари маҳаллӣ ҷавонон чунин ҷазои сангин дода буданд.
Хуллас, моҷарои марги Зулбиддин Зиёбеков боиси норозигӣ ва сару садоҳои зиёде гашта, гурӯҳе аз ҷавононро ба майдон кашид, аммо хушбахтона ин қазия бо хушӣ ҳал шуда, гирдиҳамоӣ ба охир расид. Айни замон вазъият дар Бадахшон ором буда, тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ пурра ба эътидол оварда шудааст ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар хиёбони марказӣ бидуни ягон мушкилӣ ҳаракат мекунад.
Мардуми Бадахшон ба рӯзгори орому осудаи хеш баргашта, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ тибқи реҷаи муқарраршуда фаъолият менамоянд.