Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти 3 ҷавон барои авбошӣ хабар додааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон ба таври гурӯҳи як ҷавони 25-соларо латукӯб кардаанд...
Файзулло Ибодов, Замон Назаров ва Муҳаммадалӣ Гадоев, ки 17-18 сола ҳастанд, сокинони шаҳри Душанбе буда, барои авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудаанд. Ин ҷавонон рӯзи 18-сентябр, тахминан соатҳои 21.30-и шом дар назди меҳмонхонаи Душанбе бе сабаб ба Умед Мӯъминов ҳамла намуда, ин ҷавони 25 соларо лату кӯб намудаанд. Сабабҳои ҳодиса аз ҷониби мақомот санҷида мешавад.