Кормандони милитсия як навраси 15-соларо барои авбошӣ ва бо корд ҳамла намудан ба ҷавони 16-сола боздошт намуданд. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ҳодиса дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт рӯй дода, байни як гурӯҳ ноболиғон муноқиша сар задааст. Боздоштшуда Каримов И., ки 15 сол дорад, дар рафти ин моҷарои гурӯҳӣ ба Сафаров А.-и 16-сола бо корд ҳамла намуда, чанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими рақибаш корд задааст. Дар натиҷа Сафаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд.
Айни замон нисбати Каримов И. ва рафиқонаш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.