Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқ шудани боз як наврас дар дарё ҳангоми оббозӣ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса нисфирӯзии 24 сентябр сар зада, як бачаи 13-солаи деҳаи Кошонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент бар асари риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Зарафшон ғарқ шудааст.
“Дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ субҳи рӯзи 25 сентябр ҷасади ноболиғ дарёфт карда шуда ба мақомоти дахлдори шаҳр супурда шуд”, - иттилоъ медиҳад Кумита.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз тамоми падару модарон даъват намудааст, ки масъулияти худро аз ёд набурурда, ба фарзандонашон фаҳмонанд, ки мавсими оббозӣ ба охир расидаааст ва риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву рӯдхона ва обанборҳо ба фоҷеа оварда расонида метавонад.
Тибқи маълумоти Кумитаи мазкур то моҳи июли соли 2022 дар обанборҳои кишвар 123 нафар, аз ҷумла 64 ноболиғи синни то 16-сола ғарқ шудаанд. Сабаби асосии ҳалок шудани одамон ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда оббзӣ кардан ва бе назорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби волидонашон мебошад.