arzon replenishment
Бачаи 12-сола дар канал ғарқ шуд
677


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани боз як ҳодисаи ғамангези ғарқ шудани кӯдакон дар об бар асари бепарвоӣ ва беназоратии волидон хабар додааст.

Ин ҳодисаи нохуш дар деҳаи Сафобахши ноҳияи дар Данғара рӯй дода, як писарбачаи 12-сола ба хотири оббозӣ ҷони худро аз даст додааст.
Тавре ки манбаъ менависад, тахминан соатҳои 17.00-и рӯзи 9- август ба навбатдори қисмати навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони маҳаллӣ занг зада, хабар додаанд, ки як бачаи 12-сола аз деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар канали деҳа бо сабаби беэҳтиётӣ ва бепарвоӣ ғарқ шудааст.

Дастаи фаврии наҷотбахшон бо гирифтани ин хабар дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд ва онҳо дар ҳамроҳӣ бо маруми маҳал тахминан соатҳои 17.30 дақиқа ҳамагӣ 10 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ҷасади писараки нокомро пайдо намуда ба пайвандонаш супурданд.

Дар 7 моҳи соли равон 123 нафар дар оби дарё ва каналу обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки 64 нафарашон кӯдакону ноболиғон буданд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 нафар кӯдакон ва наврасонро об бурда буд, бинобар ин, мо аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва танҳо ба лаби дарёву каналҳои калон рафтан намонанд, зеро як лаҳзаи кӯтоҳи фориғболӣ ме тавонад боиси сар задани фоҷиаи талхе гардад, ки захми он то абад даво нахоҳад ёфт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД