Commerce bank may-june 2026
Ба занҳои соҳибкор дар шаш моҳ зиёда аз 4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст
73

Бо мақсади дастгирии бонувон ва рушди соҳибкорӣ дар байни занон аз ҷониби бонкҳои кишварамон дар шаш моҳи соли равон ба заноне, ки бо тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар ҳаҷми зиёда аз 4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Дар ин бора рӯзи 28-уми июл зимни нишасти матбуотӣ Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод.

“Айни замон дар ҷумҳурӣ 391,3 ҳазор субектҳои хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 108,7 ҳазорашонро бонувони соҳибкор ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи аввали соли равон ба соҳибкорзанон дар ҳаҷми 4,5 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 28,7 % зиёд мебошад“,- гуфт ӯ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД