arzon replenishment
Ба зани қишлоқиам зор шудам, вале...
3937

Салом! Ман як марди дар ҳаёт пешпохӯрда, мехоҳам қиссаи зиндагиамро нақл кунам, то ки ба дигар мардҳои тоҷик дарси ибрат гардад ва ба қадри зану фарзандонашон бирасанд.

Мо - мардҳо як одати бад дорем, он чизе, ки дорем, ба қадраш намерасем ва ҳамеша думболи занони танноз мегардем. Ман ин гапро дар мисоли ҳаёти шахсии худам мегӯям.

Падару модарам дар вақташ маро бо духтари холаам хонадор карда буданд, вале назари мани шаҳрӣ зани қишлоқиамро намегирифт. Ҳамеша ғурбат мекардам, ки шаҳр пур аз духтарҳои гул барин зебо асту онҳо ба хотири хешутаборӣ як духтари гаранги деҳотиро келин карда, ҳаёти маро сӯхтанд. Худованд ба мо ду фарзанд ато намуд, аммо ба ҷойи шукрона кардан ман ҳамоно аз таги нохуш чирк кофта, барои аз зани қишлоқиам халос шудан баҳона меҷустам. Вақте духтурон гуфтанд, ки фарзанди дуюмамон маъюб ба дунё омадааст, ин гап бароям дастак шуд ва “ҳамааш аз рӯйи хешутаборӣ аст, агар ҷудо нашавем, боз чанд кӯдаки маъюб ба дунё меоянд” гӯён, талоқи ҳамсарамро додам.

Бечора модарам пас аз он ки ҷиянашро талоқ додам, ба азоби алим гирифтор гашт. Вай аз хоҳараш хиҷолат мекашид, ки ба хотири мустаҳкам кардани риштаи хешутаборӣ духтари ӯро келин карда, сиёҳбахт намуд, вале ман хурсанд будам, ки ниҳоят аз зани қишлоқиам халос шудам.

Пас аз ин боз ду маротиба ба қавле ошиқи зор шуда, зан гирифтам, вале дигар рӯйи хушбахтиро надидам. Занҳоям духтарҳои шаҳрии олуфта буданд ва ҳар дафъа гумон мекардам, ки ниҳоят зани идеалии худро пайдо кардам, аммо баъди чанд муддат ниқоби “занони идеалӣ” якбора афтода, чеҳраи аслии худро нишон медоданд.

Вақти пулдориам “мардакҷон” будам, ҳамин ки корам каме бебарор шуд, қиёматро қоим мекарданд, ки магар ҳамин ҳам зиндагӣ шуд?!

Зани дуюмам аз ман як фарзанд ба дунё оварда, хонаамро кашида гирифту зани сеюмам ба як марди аз худаш 10 сол хурд ошиқ шуда, баромада рафт.

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки мардон аз вайроншавии оила ғам намехӯранд, вале дар асл ин тавр нест. Мо - мардҳо ҳам дил дорем ва албатта аз шикасти зиндагӣ диламон ба дард меояд, аммо инро ба касе нишон додан намехоҳем. Шахсан ман аз он ки ба қадри зани якумам нарасидам, сахт пушаймонам. Аксар вақт фикр мекунам, ки шояд ба хотири ғурур, худхоҳӣ ва ҳавобаландӣ худованд маро чунин ҷазои сахт дод ва оқибат танҳои танҳо монда, ба зани қишлоқиам зор шудам, аммо пушаймониро дигар суде нест.

Ба қадри бахти аввал бирасед, мардҳо, чунки зани дуюму сеюм вафо надорад!

ШАМСУЛЛО, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД