Дугонаам бо дили саршори умеду орзуҳои ширин ба Баҳром ном ҷавоне ба шавҳар баромад. Дар тӯли зиндагияшон онҳо соҳиби се писар гаштанд, аммо Баҳром ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту дар мулки бегона домони духтари дигареро гирифта, зану фарзандонашро пурра аз ёд баровард.
Аз рӯзе, ки маъшуқа ёфт, дигар ба хонааш ягон тин нафиристодааст. Ҳоли зори дугонаамро дида ба шавҳараш нафратам меояд. Наход барои як беваи кӯчагӣ шуда, мард зану бачаҳояшро ин қадар хору зор кунад-а?! Падар хук бошад ҳам барои фарзандон ҳамеша азиз аст, бачаҳояш ба номардии Баҳром нигоҳ накарда, ҳанӯз роҳи ӯро мепоянд, барои ҳамин аз минбари «Оила» ба ин марди хонабезор гуфтаниям:
Баҳром! Шарм намедорӣ? Занат аз чӣ кам аст, ки оғӯши як беваро аз ӯ ва гул барин писарҳоят авло медонӣ? Занат безебу беҳунар мебуд, гапи дигар буд, вале охир дугонаам гул барин хушрӯю панҷ панҷааш ҳунар аст, боз чӣ мехоҳӣ? Чаро шукронаи хонаи ободу се фарзанди солиматро намекунӣ?
Ҷавонӣ мисли баҳор зуд мегузарад, фардо ту ҳам пир шуда боз ба зану фарзандонат зор мешавӣ. Боварии комил дорам, ки маъшуқаи нозгулакат барои пул шуда бо ту муносибат дорад, пиру бепулу бекор, ки шудӣ, ду шатта зада туро аз дар берун мекунад. Боз дарди сари дугонаи бечораи ман мешавӣ. Аз худо шарм дор, охир ту мард ҳастӣ, Баҳром!
Гулӣ