Formula novemver 2024
БА ЗАНӢ НАГИРӢ БА СУД МЕДИҲАМ, АҲЛИЁР!
14.12.2020
ОИЛА
5904

 

Аҳлиёр, намегузорам, ки маро тарк намуда, ба Русия равӣ. Намондӣ, ки ҳамроҳи модарам ба Русия равам, акнун ман туро аз дар баромадан намемонам. Дониста бош, агар равӣ, ман ҳам аз пасат меравам.

Мардона ваъда дода будӣ, ки то мурдан дар барат мемонам, магар он ҳама қавлу қасамҳоят аз ёдат рафтанд, ки азми русияравӣ карда истодаӣ? Ба хотири ту ман чиптаи ҳавопайморо дар пеши чашмони модарам пора- пора кардам, дилашро ранҷондам, модарамро ҷигархун карда, тани танҳо ба Русия гусел намудам. Подоши садоқати ман магар ҳамин аст? Қасам мехӯрам, агар маро партофта равӣ, ба назди падарат рафта мегӯям, ки писаратон номуси маро доғдор карда гурехта рафт.

Беҳтараш борхалтаи сафариатро як сӯ гузошта дар тарадуди тӯй шав ва маро дар пеши чашми дӯсту душман бо обрӯ арӯс карда ба хонаатон бубар, то мардум нагӯянд, ки духтари касро аҳмақ карду ба занӣ нагирифт. Ман аз он духтарҳои тарсончаке нестам, ки ба тақдир тан дода, сархаму малул мегарданд. Ба осмон бароӣ, аз поят дошта мефарораму ба замин дароӣ, аз ҳарду гӯшат кашида, туро ба берун мебарорам. Ману туро Худованд барои якдигар офаридааст ва мо бояд то дами марг якҷо бошем. Мефаҳмӣ, бояд якҷо бошем! Ман туро ба ҳеҷ кас намедиҳам. Туро ба ҳеҷ кас намедиҳам, Аҳлиёр!!!

Тарсончаки ту, аз маҳ.104

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД