1xbet
Ба Япония ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳед?
13.08.2025
Oila.tj
108

Ширкати ҷопонии MAYA MIRAI шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват менамояд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Япония дар бахши сохтмон, хоҷагии қишлоқ, хоҷагии коммуналӣ, ба сифати коргари хона ва ҳамзамон дар тарабхонаю меҳмонхонаҳо кор мекунанд. Музди меҳнат аз 1500 доллари амрикоӣ сар мешавад.

Тибқи иттилои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба Япония муҳоҷирони меҳнатии синну солашон аз 18 то 50-сола ба кор рафта метавонанд. Дар сатҳи муошират донистани забони ҷопонӣ ва доштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият ҳатмист.

Шахсоне, ки мехоҳанд ба Япония ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108 муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос:

Шаҳри Душанбе, 250-32-42, 221-39-67, +992 555 55 10 80, +992 987 906 666, +992 915 767 743, +992 930 934 994, +992 934 53 51 93, +992 906 88 93 13, +992 948 21 21 12;

Шаҳри Хуҷанд, мкр. 28, д. 2А, +992 92 807 99 99;

Шаҳри Бохтар, кӯчаи Файзалӣ Саид, 69, +992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28;

Шаҳри Хоруғ, кӯчаи. Н. Атобек, 1, +992 93 510 14 39;

Шаҳри Пандҷакент, +992 92 810 05 53.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД