Arzon march 2024
Ба таровеҳ рафтани зани муҳоҷир равост?
08.04.2024
ОИЛА.ТҶ
668

 

Мо дар Туркия зиндагӣ мекунем. Дар маҳали истиқомати мо дар масҷид шароит фароҳам карда шудааст, то занҳо низ ба таровеҳ бираванд. Оё ба занам иҷозат диҳам, ки ба намози таровеҳ равад?

ХУРСАНДМУРОД, муҳоҷири тоҷик дар Туркия

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Аслан аз назари дини ислом ба масҷид рафтани занон мамнуъ нест, вале баҳтар аст, ки занон дар хонаашон ибодат намоянд. Ривоят аст, ки паёмбари худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: “Зан аврат аст ва замоне, ки аз хонааш берун меравад, шайтон дар байни роҳ сарак мекашад ва ӯро таъқиб мекунад ва зан ҳеҷ замон ба Худо наздиктар намешавад аз замоне, ки дар хонааш аст”.

Ибни Хузайма ва гурӯҳе аз уламои ислом низ баён кардаанд, ки намози зан дар хонааш аз намозаш дар масҷид беҳтар аст, агарчи масҷиди Макка ё Мадина бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД