arzon replenishment
БА СУД МЕДИҲЕД, БА ДОР МЕОВЕЗЕД, ЗИНДА БА ЗАНДА ПӮСТ МЕКУНЕД, ДУХТАРАТОНРО НАМЕГИРАМ!
3002

 

Борҳо шунида будам, ки Фароғати дӯстдоштаам бо Диёри ҳамсабақаш ишқварзӣ мекунад, вале бовар намекардам. Рӯзе тасодуфан шоҳиди мулоқоташон гаштам. Арӯсамро бо чашми худам дар оғӯши марди дигар дида, дилам аз ҷинси зан якбора хунук шуд.

Аз қаҳр хун ба сарам зада, Фароғатро таъқиб намудам ва ба мошин шинонда ба ҷойи беодаме бурдам. Фароғат бешармона қасам болои қасам мехӯрд, ки ғайри ман дигар бо ягон мард ошноӣ надорад. “Ҳозир месанҷем” гӯён, кореро кардам, ки бояд намекардам. Маълум шуд, ки Диёрбой кайҳо ба қавле “полезро лош карда” домони Фароғатро доғдор намудааст. . Нодухтар будани Фароғат диламро бештар сиёҳ кард ва ба ҳафт пушташ лаънат хонда, ӯро дар роҳ партофта рафтам. Аз пасам таҳдид намуд, ки маро ба суд дода, ҳабс мекунонад. Медонистам, ки аз дасти ин маккора ҳар кор меояд, бинобар ин, худи ҳамон рӯз билет харида ба Русия парвоз кардам.

Падари Фароғат рӯзи дигар ба сари падарам омада гуфтааст, ки агар писаратон ба хубӣ духтарамро ба занӣ нагирад, ӯро ба суд медиҳем. Волидонам аз тарс розӣ шуда, ваъда додаанд, ки баробари баргаштани ман Фароғатро келин мекунанд. Аз ҳамин сабаб ба саҳифаи “Муҳоҷир” муроҷиат намудам, то ба падари Фароғат гӯям:

-Амак, агар духтаратон хиёнат намекард, ман албатта ӯро ба занӣ мегирифтам, вале баъди фаҳмидани ҳақиқат дар ду дунё ҳаётамро бо Фароғати бачабоз пайвастанӣ нестам. Худатон фикр кунед, чӣ тавр ман духтареро, ки ҷавони дигар пеш аз ман аз гулбоғи васлаш гул чидааст, ҳамсари худ интихоб мекунам. Ба суд медиҳед, ба дор меовезед, зинда ба занда пӯст мекунед, ҳар чӣ аз дастатон меояд, кардан гиред, вале донед, ки духтари бероҳаатон келини очаи ман намешавад. Мемураму Фароғатро ба занӣ намегирам!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД