Муҷассамаи сарояндаи машҳури дунё Шакираро дар дар зодгоҳаш давлати Колумбия гузоштанд.
Шаҳрдори Баранкилия дар саҳифаи иҷтимоии худ дар бораи гузошта шудани муҷассамаи сарояндаи машҳур хабар дода, навиштааст, ки “Шакираро дилу тану ҷонаш санъат аст”. Шакира ба шаҳрдор, мардум ва муҷассамасоз барои қадр кардани ҳунараш миннатдорӣ баён намудааст.
Шакира Изабел 2-феврали соли 1977 дар шаҳри Баранкилияи давлати Колумбия таваллуд шудааст. Ӯ бо овози махсус ва рақсҳои ҷаззобаш дили ҳамагонро тасхир кардааст.
Миллионҳо одамон дар сар то сари курраи Замин новобаста ба миллату забонашон таронаҳои Шакираро замзама карда, ба ин сарояндаи нотакрор ҳазорон аҳсан мехонанд ва дар ҳавои сурудҳояш мерақсанд.