Шуруъ аз 5-уми феврал дар Русия “Реестри шахсони назоратшаванда” ба фаъолият шуруъ намуд. Ба ин рӯйхат ному насаби зиёда аз 688 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 124 ҳазор зодагони Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Шахсоне, ки номашон ба ин рӯйхат афтодааст, бояд то 30-юми апрели соли 2025 ба Вазорати корҳои дохилии Русия ва хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда, будубоши худро дар Федератсияи Русия қонунӣ гардонанд ва тамоми маълумотҳои заруриро пешниҳод карда,
ҳуҷҷатҳояшонро ба расмият дароранд. Дар акси ҳол, аз Русия ихроҷ, яъне депортатсия карда мешаванд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар робита бо ин масъала аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия таҳсил ё зиндагӣ мекунанд, хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯйхат будан ё набудани ному насаби худро бисанҷанд ва дар сурати будани номашон дар ин реестр барои қонунӣ гардонидани будубоши худ дар ин кишвар ба хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Барои ин чӣ бояд кард?
Феҳристи шахсони назоратшаванда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ҷойгир буда, ҳар шаҳрванд вобаста ба муйаян намудани вазъи ҳуқуқии худ метавонад тавассути линки мазкур ваъзияти будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Русия муайян намояд: http://xn--b1aew.xn--p1ai/rkl.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар портали худхизматрасонии “Хизматрасониҳои давлатӣ” (госуслуги) ҳуҷраи шахсӣ доранд, метавонанд тавассути барномаи мазкур вазъи ҳуқуқии будубоши худро санҷиш намоянд: http://gosuslugi.ru/655781/1/form?_=1739004601525.
Ба Феҳристи шахсони назоратшаванда шаҳрвандони хориҷие шомил мешаванд, ки пас аз ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Русия будубоши худро ба қайд нагирифтаанд, бе иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) фаъолият доранд ва ё ҳуқуқвайронкунии
маъмурӣ содир намудаанд.
Агар шумо ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ ва кор карда истодаед, тибқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30-юми декабри соли 2024, №1126 имкон доред, ки то 30-юми апрели соли 2025 кору фаъолияти худро расмӣ гардонед. Вобаста ба расмиятдароририи ҳуҷҷатҳои будубош ва қонунигардонӣ дар ин давра ба шуъбаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, филиалҳои Корхонаи воҳиди федералии
давлатии «ХШР»-и Вазорати корҳои дохилии Русия ва Муассисаи давлатии буҷетии шаҳри Москва «Сахарово» муроҷиат намоед.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7(967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7
(926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
- Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;
- Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
- Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77;
- Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;
- Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909)809-55-48.