Ба рӯйи ишқи пок туф накунед, духтарҳо!
Салом! Одатан занону духтарон дар шабакаҳои иҷтимоии аз бевафоии ҷавонмардон шикоят карда, мо-мардҳоро ба хиёнаткорӣ муттаҳам месозанд, вале худи бонувон ҳам чандон мусичаи бегуноҳ нестанд. Барои исботи ин гуфтаҳоям ман ҳодисаеро, ки аз сари худам гузаштааст, нақл карданиям.
Духтареро самимона дўст медоштам. Дар дилам нияти бо ў хонадор шудан доштам ва ба модарам ҳам гуфта будам, ки беҳуда келин накобад, чунки ман аллакай барои худ арӯси зебои муносиб пайдо кардаам, вале...
Вақтҳои охир ҳар гоҳе, ки ба дӯстдоштаам занг занам, телефонаш банд буд. Дар дилам шубња пайдо шуда бошад ҳам, худро бовар кунондан мехостам, ки шояд бо дугонаҳояш ё касе аз хешовандонашон сӯҳбат мекунад, зеро боварӣ доштам, ки ин духтар ҳаргиз ба ман хиёнат карда намтавонад, аммо хаёлам хом баромад.
Рўзе ўро дар боғ бо як љавони бегона даст ба даст дидаму дилам мисли ях хунук шуд. Шайтон васваса мекард, ки ҳардуяшонро зери мушту лагад гирам, аммо боз худамро дошта, ҳаволаи ёри бевафоямро ба худо супурдам.
Медонам, ки бо чунин сабукфикриаш ин духтар дар зиндагӣ хушбахт намешавад, зеро беҳуда дар урфият нагуфтаанд,ки “Дари касеро, ки куфтї, њатман даратро мекўбанд”
Сирри мардон пӯшида беҳ мегӯянд, лекин ман ин қиссаро ба он хотир нақл кардам, ки занону духтарон ҳамеша айбро ба сари мардон назананд, зеро кам нестанд духтарони бевафое, ки ба рӯйи ишқ туф карда, якбора бо чанд ҷавон робита барқарор менамоянд, то ки манфиати бештар бардоранд. Хонандагони азиз, шумо чи назар доред?
Мансур, сокини ш. Душанбе