Formula novemver 2024
Ба ошиқи дугонаам ба шавҳар бароям?
7952

Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ


Ман як духтари ҷавон ва бетаҷриба мехоҳам аз шумо маслиҳат бипурсам, зеро ба роҳнамоии одамони дар зиндагӣ таҷрибадор бисёр ниёз дорам.
Ману меҳрангез дугонаҳои ҷонӣ ҳастем, чунки дар як маҳалла ба дунё омада, як мактабро хатм намудем ва ҳоло дар як донишгоҳ мехонем. Падари ману падари Меҳрангез ҷӯраҳои ҷонӣ ҳастанд, модаронамон ҳам дугонагӣ доранд. Хулоса, метавон гуфт, ки дӯстони оилавӣ ҳастем. Дугонаам Муродҷон ном ҷавонеро дӯст медорад ва ҳатто як лаҳза ҳам ҳаёташро бе ӯ тасаввур карда наметавнад. Орзу дорад, ки ба Мурдҷон ба шавҳар барояд, вале ошиқи дугонаам ба ман бо чашми харидорӣ нигоҳ мекунад. Аслан ҳамааш айби худи Меҳрангез шуд, чунки ҳар гоҳ б Мурдҷон мулоқот орояд, ҳатман маро ҳамроҳаш мебурд, то ки падару модараш ягон гумони бад бурда пурсуҷӯ накунанд, ки куҷ мераваду чаро меравад. Аввалҳо Муродҷон ба ман чун ба дугонаи духтари дӯстдоштааш нигоҳ мекард, вале баъдтар ҳис кардам, ки дилаш ба ман моил гаштааст, чунки чашми Меҳрангезро хато карда, чашмакӣ мезад ва ба ман ҳар хел гапҳои маънидорона мепартофт. Муродҷон ҷавони қоматбаланди чашму абрӯсиёҳ ва ба қавли мардум “серхаридор” аст, аввалҳо ба ӯ чандон аҳамият надиҳам ҳам, баъдтар дили ман ҳам ба доми чашмони чодуи ин ҷавон афтод. Ҳафтаи гузашта дугонаам аз рӯйи одат боз маро ҳамроҳаш ба мулоқот бурд. Муродҷон бо Меҳрангез гап мезад, вале чашмашро аз ман намеканд. Дугонаамро барои харидани чизе ба мағоза равон карда вай ошкоро ба ман изҳори муҳаббат намуд ва ҳатто сурғаи хонаамонро пурсида, гуфт, ки ба наздикӣ падару модарашро ба хостгорӣ равон мекунад. Мани беандеша таклифи Муродҷонро қабул кардам, вале акнун байни обу оташ мондаам, ки агар Меҳангез фаҳмад, чӣ мешуда бошад.
Дирӯз Меҳрангез ба хонаамон омада шикоят кард, ки муносибати Муродҷон бо ӯ якбора сард гаштааст. Дугонаам хеле гиря кард, ки ҷавони дӯстдоштааш ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳад ва ишқашонро танҳо як хатои ҷавонӣ номидааст. Ман медонам, ки Меҳрангез духтари бодбу бо тарбия аст ва байни ваю Муродҷон танҳо ишқи пок буд, яъне фақат гап мезаданду халос, дигар ягон кори бад накардаанд, аммо ба ҳар ҳол дилам хиҷил аст, ки бахти дугонаамро дуздида истодаам. Дилам ба дугонаам месӯзад, аммо аз Муродҷон ҳам даст кашида наметавонам, чунки ман ҳам ба ин ҷавон ошиқи шайдо шудаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Ба хотири дугонаам шуда, ишқи муродҷонро рад кунам ё ҳарчи бодо бод гуфта, ба рӯйи Меҳрангез по гузошта, ба Муродҷон ба шавҳар бароям?
Бо эҳтиром: Меҳрона

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ошкоро 2021-12-30, 19:07
Мехрона, модоме Муродчон Мехрангезро бо ту иваз кард, пас интизор шав, ки Рузе туро низ бо каси дигар иваз хохад кард! Тапки одат амри махол АСТ.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ошкоро 2021-12-30, 19:07
Мехрона, модоме Муродчон Мехрангезро бо ту иваз кард, пас интизор шав, ки Рузе туро низ бо каси дигар иваз хохад кард! Тапки одат амри махол АСТ.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД