Ниҳодҳои алоҳидаи кишвар эълон карданд, ки ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 мукофотҳои алоҳида месупоранд.
Баъди натиҷагирӣ аз бозиҳои мазкур ғолибони он аз ҳисоби намояндагони Тоҷикистон ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ва маблағи аз 200 000 то 300 ҳазор сомонӣ, ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳаҷми то 20 ҳазор доллар ва шаҳрдории Душанбе хонаи истиқоматии аз 1 то 3-ҳуҷрагиро соҳиб мешаванд.
Ҳамин тавр, бо соҳиб шудан ба ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ғолибон барои ҷойи якум 300 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 250 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 200 ҳазор сомонӣ хоҳанд гирифт.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба варзишгарони ғолиб барои ҷойи якум 20 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 15 ҳазор доллар, барои ҷойи сеюм 10 ҳазор доллар ва шаҳрдории пойтахт барои ҷойи якум хонаи истиқоматии сеҳуҷрадор, барои ҷойи дуюм хонаи истиқоматии дуҳуҷрадор ва барои ҷойи сеюм хонаи истиқоматии якҳуҷрадор тақдим мекунад.