Arzon march 2024
Ба оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 257,95 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст
297

Дар соли 2024 ба 112 689 оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 600-сомонигӣ кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ дода шудааст, ки маблағи умумиаш 67,62 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иттилоъ дод.

Тавре вазир гуфт, “шумораи умумии оилаҳои камбизот, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин гардидааст, 195 314 оиларо ташкил медиҳад ва маблағи ба чунин оилаҳо пардохтшуда 190 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Зикр гардид, ки дар маҷмуъ ба оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми 257,95 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД