Ман Нозанини 22 -сола, аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Ба як ҷавони зебо, ки Муқим ном дорад, ошиқ шудам. Мо бо якдигар кам вомехӯрем, чунки дӯстдоштаам дар Русия қарор дорад.
Боре аз Русия баргашта, аз омаданаш маро хабардор накарда, ногаҳон занг зад, ки маро дидан мехоҳад. Ҳамон рӯз ман ҳамроҳи духтари холаам дар саҳро будем. Пештар, ҳар вақте ки наздаш мерафтам, худро орову торо медодам, ҳамон рӯз ноилоҷ бо ҳамон либосҳои корӣ ба наздаш рафтам. Муқим ҳамроҳи рафиқонаш буд. Баъди маро дидан рафиқонаш ба ӯ гуфтанд, ки духтари ёфтаат зебо нест, бо ӯ гап назан. Бо ҳамин Муқим баъди дидорбинӣ тақрибан 10 рӯз ба ман занг назад.
Азбаски ӯро дӯст медорам, дар ин муддат хеле азоби рӯҳӣ кашидам. Рӯзе занг зада гуфт, ки модарам бемор буданд, аз дунё гузаштанд, аз ин рӯ, занг зада натавонистам. Бояд қайд намоям, ки Муқим хеле ҷавони боодоб аст, як маротиба дасти маро бо иҷозати худам бӯсидаасту халос. Ҳамеша вақте бо ӯ вомехӯрдам, кӯшиш мекард, ки маро зудтар ба хона равон кунад, то гап нашунавам.
Айни замон Муқим дар Русия асту ба ман занг зада, мегӯяд, ки ба Ватан баргардад, тӯй мекунем. Аз он ки маро умедвор месозад, хурсандам, вале боз таги дилам сиёҳ аст. Намедонам ба Муқим бовар кунам ё не. Ӯ маро дӯст медошта бошад? Маслиҳатҳои шуморо интизорам, хоҳарону дугонаҳои азиз.