toyota motors
Ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар FOTON G7 тақдим гардид
17.04.2026
Oila.tj
29

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод ба Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Бохтар як автомашинаи ёрии таъҷилии тамғаи FOTON G7 тақдим карда шудааст.

Нақлиёт бо тамоми лавозимоти зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, зимни маросими супоридани калиди автомашина раиси шаҳр таъкид намудааст, ки беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бахусус ёрии таъҷилӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ба масъулони соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки техникаи нав, вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Қайд гардидааст, ки автомашинаи мазкур бо харҷи 330 ҳазор сомонӣ аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар харидорӣ гардидааст ва ба беҳтар гардидани фаъолияти Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва расонидани кумаки фаврӣ ба сокинон мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД