arzon replenishment
БА МАН ЗАНИ БЕЗЕБ ДОДАНД!
18.01.2021
Р. Азимӣ
8533

Ҷавони 24- сола ва сокини шаҳри Хуҷандам. Имсол донишгоҳро хатм мекунам ва ҷои корам тайёр аст. Соҳиби кори сердаромад мешавам, аммо як масъала маро хеле азоб дода истодааст. Ҳамсарамро надида гирифта будам ва ситораҳоямон ҳеҷ рост наомада истодаанд.

Келинро падарам аз Исфара ёфтанд. Фикр мекардам, ки бо духтари зебою бомаънӣ хонадор мешавам, вале хато кардам. Арӯсам безеб ва бар замми ин, бисёр чалфас баромад. Ба худаш аҳмият намедиҳад, гӯё арӯс неву тайлоқ бошад, бо як либос ҳам кору бори хонаро мекунаду ҳам мехобад. Худам, ки ҷавони зебою олуфтаам, тоби чунин чалфасиро надорам. Занам аз ягон ҷиҳат ба ман муносиб ва лоиқ нест. Шабҳоро бо азоби алим дар паҳлӯяш саҳар мекунам. Аввалҳо хотири обрӯи волидонамро намуда, тоқат мекардам, вале рафторҳои беақлонаи занам ҷонамро ба лабам расонданд ва билохира ҷойгаҳамро аз ӯ ҷудо кардам, чунки аз бӯи бади даҳону арақи тани чиркинаш дилам беҷо мешуд. Ягон роҳи аз зани бадрӯй ва чиркинакам холос шуданро наёфта, ночор ба редаксия нома навиштам, то бо кӯмаки «Оила» падарамро аз дарди дилам воқиф созам.

Падарҷон, то имрӯз ҳар чи кардед, хотири падариатон сабр намудам. Шумо агар мӯр гӯед, мемурам, вале дигар тоқати бо келини ифлосакатон зиндагӣ карданро надорам. Ҳамкурсонам фаҳманд, ки мани олуфта чунин духтари сиёҳҷурдаи чиркинакро ба занӣ гирифтаам, ба ҳолам механданд ва аҷаб нест, ки ба рӯям туф кунанд.

Ба хубӣ келини ёфтаатонро ба хонаи модараш бурда монед, дадаҷон. Якравӣ мекарда бошед, дониста монед, ки аз умрам як рӯзи дигар монданашро донам ҳам, ман албатта дар болояш зани дигар мегирам!

Манучеҳр

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД