arzon replenishment
Ба маблағи 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст
257

Мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии мубориза бо коррупсия дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 425,7 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намудаанд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода маълумот дода, иброз дошт, ки “тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 411,9 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 296,1 млн сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 млн сомонӣ бо роҳи ҳисбобаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад”.

Инчунин, зикр гардид, ки аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлат 87,9 млн сомонӣ барқарор карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД