Ман Алиева Назирамоҳ, соли таваллудам 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошам. Ду маротиба оиладор шудам, вале аз сабаби он ки фарзанддор нашудем, аз ҳар ду шавҳарам ҳам ҷудо шудам.
Як хоҳару як додар дорам, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, аммо боре ҳам ба ман дасти кӯмак дароз накардаанд ва намекунанд. Зани яккаву танҳо ҳастам ва касе надорам. Соли 2003 бо як сабаб маъюб шудам ва аз соли 2004 ҳамчун маъюби гурӯҳи дуюм моҳе 300 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирам.
Қаблан дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам, вале он ҷоро Коллеҷи тиббӣ карданду бе сарпаноҳ мондам. Дар хонаи як дугонаам иҷора мешинам ва ҳар моҳ 250 сомонӣ медиҳам. Ӯ маро нигоҳубин мекунад ва обу хӯрок медиҳад. Ба 50 сомонии дигар дору мехарам, чун бемории фишорбаландӣ дорам ва бе дору наметавонам. Дар “Оила” хондам, ки ба нафарони эҳтиёҷманд кӯмак мекардаанд. Ман ҳам аз шумораи ҳамон занҳое ҳастам, ки ба кӯмак ниёз дорам.
Рақами телефон: 937380206