3-талоқ барои се ҳазор рубли русӣ
Шаҳноза Ҳасанова ҳамагӣ 33 сол дошта, зодаи ноҳияи Ёвон мебошад. Ин зани азияткашида бо ду фарзанди хурдсолаш дар шаҳри Душанбе иҷора нишаста азобу хориҳои зиёде мекашад. Ба гуфти худи Шаҳноза, аз рӯзе, ки ба дунё омадааст, вай ягон рӯзи хушро надида, дар зиндагӣ танҳо заҳри ғам менӯшад. Волидонаш барвақт аз ҳам ҷудо шудаанд.
Модараш Шаҳнозаро ба бибиаш супурда, ба марди дигар ба шавҳар мебарояд, вале чанде пас аввал паиндар ва баъдан модараш аз ҷониби шахсони номаълум рабуда мешаванд. Ҷасади паиндарашро дертар пайдо карданд, вале аз модараш то ба ҳол ягон ному нишон нест ва Шаҳноза мурда ё зинда будани ӯро намедонад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ин ятимдухтар аз бахт наосуда, хонавайрон шудааст. Аз рӯй нақли худизан, писараш бемор шуда, барои гузаронидани ҷарроҳӣ ду ҳазор сомонӣ лозим мешавад. Ӯ аз падари фарзандонаш, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, хоҳиш мекунад, ки барои ҷарроҳии писарчаашон маблағ фиристад, вале байни онҳо барои пул ҷангу ҷанҷол ба миён меояд ва шавҳараш ҳамагӣ се ҳазор рубли русӣ равон карда, талоқи Шаҳнозаро медиҳад.
Имрӯз ин зани танҳо бо ду фарзанди зиндаятимаш овораю сарсон аст. Барои ҷарроҳии писарчааш аз бегонаҳо ду ҳазор сомонӣ пул қарз гирифта, онро бар нагардонидааст, бар замми ин, ду моҳ боз маблағи иҷорапулиро дода наметавонад. Шаҳноза аз он ҳарос дорад, ки оқибат соҳибхона ӯро аз дар берун мекунад ва дар фасли сард бо кӯдакони хурдсолаш дар кӯча мемонад.
Биёед, дарди дили Шаҳнозаро аз забони худаш бишнавем. (Видео)
(Шахсоне, ки ба ин зани бе муттако ва фарзандони зиндаятимаш дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба корти рақами 585027-030-3108202 (Бонки Ҳумо) гузаронанд ё ба рақамҳои зерин занг занад: 93-130-64-00 ва +992- 000-90-50-89 (бо корт пайваст аст)