Дар як қатор муассисаҳои таълимии кишварамон ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ, яъне 1-4 хӯроки гарм дода мешавад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илм хабар додааст.
Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯроки гарм 18,8 млн сомонӣ ҷудо кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 7,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо маблағи мазкур 36 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 1-4-и 94 муассисаи таълимии кишвар бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Аз ҷумла дар 40 мактаби вилояти Хатлон, 24 мактаби вилояти Суғд, 8 мактаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 15 мактаби ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 7 мактаби шаҳри Душанбе хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯроки гарм таъмин мегарданд.