Ҷавонеро бо исми Маъруф дӯст медорам. Ӯ низ маро аз ҷон зиёд дӯст медорад. Мо даврони донишҷӯӣ бо ҳам шинос шуда, аҳди ишқ баста будем.
Аз чӣ бошад, ки дар се соли ишқварзиямон Маъруф ҳамеша корро ба таъхир гузошта, мегӯяд, ки ҳоло шароити тӯй кардан надорем. Ба ӯ борҳо гуфтам, ки аз хешу ақрабо сар карда, то ҳамсояҳо хостгорӣ ман шуда, дар як рӯз ду-се нафар аз дари хонаамон ноумед мераванд.
Падару модарам мисли дигарон маҷбурӣ духтарашонро ба ҳар нафари пешомада намедиҳанд. Ба ҳарфи дили духтари ноздонаашон гӯш мекунанду баъдан қарори қатъӣ мебароранд.
Дар вохӯрии охир ба ошиқам гуфтам, ки мақсади оиладор шуданро дорад ё не? Дар ҷавоб бо дӯғу пӯписа ба сарам дод зад, ки агар саросема бошӣ, шавҳар кун. Бо шунидани ин суханҳо дилам хиҷил гашта, бо гиря аз гиребонаш гирифта гуфтам: “Номард, чаро ба эҳсоси ман бозӣ кардӣ?”Дасташро афшонду ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Охир, се соли дароз ваъдаи тӯй карданро медиҳаду боз доду фиғон мебардорад, ки маҷбур бошӣ, шавҳар кун! Магар ҳамин аст подоши ишқу муҳаббат?
Як моҳ мешавад, ки Маъруф на занг мезанад, на ба паёмакҳоям ҷавоб медиҳад. Ба хулосае омадам, ки буду шуди гапро ба падару модарам мефаҳмонам ва онҳоро пеш-пеш карда, ба хонаи падари Маъруф мераваму писарашонро хостгорӣ мекунам. Боварӣ дорам, ки падару модарам хоҳиши маро рад накарда, ин орзуи деринтизорамро амалӣ мекунанд. Шумо чӣ мегӯед, хонандагони азиз? Ба хонаи ҷавон хостгорӣ рафтани духтар кори бад аст?
Нисо