Arzon march 2024
Ба хоҳари ҷӯраи ҷониам ошиқи зор шудам, вале...
361

Салом! Ман як ҷавони ошиқ мехоҳам қиссаи ишқу муҳаббатамро нақл карда, аз шумо маслиҳат пурсам.

Ману Бахтиёр ҳанӯз аз давраи мактабӣ ҷӯраҳои ҷонӣ ҳастем. Падару модари ман ӯро мисли писарони худашон дӯст медоранд, волидони дӯстам низ маро “писарам” мегӯянд. Мо натанҳо ҳамсинф ва ҷӯра, балки мисли ду бародар ҳастем, аммо...

Ростӣ дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки тақдир бо ман чунин бозии ногаҳонӣ мекунад, вале худам инро нафаҳмида ба хоҳари дӯстам ошиқи зор шуда мондам. Чеҳраи мисли гул зебояш мудом дар пеши рӯям ҷилвагар шуда, орому қарори маро мерабояд. Ҳар гоҳ, ки рӯ ба рӯ занем, дасту поям суст мешавад ва худро гум мекунам, вале барои он ки духтар чизеро пай набарад, сир бой намедиҳам.

Ба хотири дӯстам то имрӯз ошиқи зор буданамро ба хоҳараш нагуфтам, аммо андешаи он ки маликаи орзуҳои маро ягон ҷавони дигар соҳиб шуда метавонад, маро дарун ба дарун мехӯрад.

Ба хонаашон хостгор равон карданӣ шудам, лекин боз фикр кардам, ки шояд ҷӯраам “ ин бача хотири хоҳарам бо ман дӯстӣ мекардааст” гуфта биранҷад ва аз раъам гаштам.

Сарҳисоби корамро гум кардам, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

С. М, сокини шаҳри Душанбе

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД