Ҳамчун як хонандаи доими “Оила” миннатдории хешро ба кулли кормандони ин сомона мерасонам. Шумо бо нашри қиссаҳои пандомез дар дили одамони дуруштмуомилаву бадкирдор тухми некиро мекоред.
Дар зиндагии оилавии ман низсайти Оила саҳми босазо дорад. Агар гӯям, ки маҳз “Оила” сабаб шуду хушдоманам муносибаташро бо ман тағйир дод, хато намекунам. Модари шавҳарам мудом ба зиндагиямон дахолат намуда, писарашро шӯр андохта, зиндагиямонро талх мегардонид, вале бо хондани як қисса аз сомонаи “Оила” муносибаташ бо ман комилан дигар шуд.
Ростӣ, духтари қобилу чаққон бошам ҳам, аз рӯзи аввали зиндагӣ ситораам ба хушдоманам рост наомад. Ҳамеша бо ҳар баҳона неш мезад, таънаву маломат мекард ва баъзан ба сарам даст ҳам мебардошт. Лаб зери дандон гирифта, соҳиби ду шоҳписар шудам, вале ҳамоно хушдоманам аз шаттоҳияш намемонд. Шавҳарам зулму ҷабри модарашро бинад ҳам, ягон бор маро муҳофизат намекард, танҳо сабр кун мегуфту халос.
Ҷонбезор шуда, қасди худкушӣ ҳам кардам, вале хотири ду писарам маро аз ин роҳи пургуноҳ баргардонд. Акнун шукрона мекунам, ки ҳамон вақтҳо беақлӣ карда, даст ба худкушӣ назадаам, чунки поёни шаби сиёҳ сафед аст, гуфтагӣ барин, ниҳоят ақли хушдоманам ба сараш зад. Сабаби аз зулм даст кашидани хушдоманам «Оила» гашт. Якчанд рӯз пеш хушдоманам ба хонаи ҳамсояамон, ки маърака дошт, меҳмонӣ рафт. Дар ҳамон маърака зане аз роҳи дур омада, бо худ сомонаи «Оила»-ро тариқи телефон ба ҳамагон нишон додааст. Занҳо мақолаҳои сомонаро мехонанду хушдомани ман мароқ зоҳир намуда, дар телефонаш аз "гугл" сайтро ҷустуҷӯ карда, саҳифаҳои сомонаро як як аз назар гузаронида хондааст.
Тасодуфан ба чашмаш ҳамон саҳифаи “номаҳо”меафтад, ки дар он мақолаи «Дод аз дасти хушдомани ҷаллод” ва “Ба келин ҷабр кунӣ, аз духтарат мебинӣ» афтодааст. Он саҳифаро мехонаду ба дилаш алав меафтад ва аз хонаи ҳамсоя рост ба хонаи духтараш меравад. Хусуру хушдомани қайсингилам ҳамон рӯз бо кадом сабабе бо келинашон ҷанҷол доштаанд ва хушдоманам ба ҳавлӣ даромада, шоҳиди духтарашро дашному ҳақорат кардани пайвандони шавҳараш мегардад. Муносибати бади қудоҳояшро бо духтараш дида, хушдоманам бо ашки шашқатор ба хона омаду аз ман бахшиш пурсид. Сабабашро нафаҳмида «Ба шумо чӣ шуд, ки якбора ин қадар дилсӯзу меҳрубон шудед?» гӯён, изҳори тааҷҷуб намудам.
Модаршӯям дар даст телефони қимматбаҳо дошт ва сомонаи «Оила»-ро нишон дод ва воқеаи дар хонаи духтараш рӯйдодаро нақл карда, гуфт, ки дар ҳақиқат касе, ки ба келин ҷабр мекунад, аз духтараш медидааст. Ман ҳам аз «Оила» сипосгузорам, ки чунин маводи хубро нашр карда, зиндагии талхи маро ширин гардонд.
Сабринаи панҷакентӣ