Дилноза Аҳмадзода, вакили парлумони Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар рӯзномаи "Народная газета" пешниҳод кардааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасони то синни 14-сола комилан манъ карда шавад.
Аҳмадзода таъкид намудааст, ки соли ҷорӣ Ҳукумат аллакай ба Қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” тағйирот ворид кардааст, ки ба маълумоти бардурӯғ ва зараровар рабт дорад.
Ӯ пешниҳод кардааст, ки дастрасии ноболиғони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ комилан манъ гардида, наврасони аз 14 то 17-сола танҳо бо розигии падару модар аз ин шабакаҳо истифода баранд.