Formula novemver 2024
Ба кӯдаки бе падар чи тавр шаҳодатнома мегиранд?
21.04.2023
ОИЛА
1125


Ба саволҳои хонандагони «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол
Аз никоҳи мусулмонӣ як кӯдак дорам. Шавҳарам вафот кардааст. Донистан мехостам, ки оё ман метавонам ба кӯдакам бо насаби марҳум шавҳарам шаҳодатномаи таваллуд гирам?
Ороста, шаҳри Ҳисор.

Посух
Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак ақди никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузориии мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад. Бо ҳамин асос, ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оиди муқаррар намудани воқеияти падарӣ ба суд муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД