Кумаку дастгирии ниёзмандон аз масъалаҳои муҳиме мебошанд, ки ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор доранд. Бо супориши Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Зугванди ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим тавассути 20 мошини калони боркаш хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Айни замон 13 оилае, ки хонаҳояшон бар асари офати таббиӣ пурра вайрон шудааст, дар истироҳатгоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа қарор доранд. Барои осебдидагони офати табиӣ хонаҳои нави замонавӣ сохта истодаанд. Дар ин бора «Ховар» дар такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ таъкид намудааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои сокинони аз офати табиӣ зарардида тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии оби рӯдхонаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим рӯзи 4-уми август дар ин деҳа сел омада, даҳҳо хонаи истиқоматӣ, 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, боғоту замини кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори деҳа хароб гаштанд.