Ба Грузия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳед?
160

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро ба кор дар Гурҷистон даъват менамояд.

Муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар самти бурдарасонӣ (доставка) кор хоҳанд кард. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ як сол аст.

Ба Грузия муҳоҷирони меҳнатии синну солашон аз 18 то 45-сола ба кор фиристода мешаванд. Доштани шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои А ва В ҳатмист.

Харидории чиптаи ҳавопаймо, хӯрок ва ҷои зист аз ҳисоби худи муҳоҷир пешбинӣ шудааст. Муҳоҷир бояд доғи судӣ надошта бошад. Музди меҳнат зиёда аз 6 доллари амрикоӣ дар як соат мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд барои бақайдгирӣ ба Муассиси давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, ки дар суроғаи ш. Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С. Айнӣ 121 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои маълумот: 225-05-75; 225-02-21; +992938131372 (WhatsApp) (Рӯзҳои корӣ аз душанбе то ҷумъа аз 8:00 то 17:00).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД