Sebiston new 2024 october
БА ЁДИ ҶИГАРБАНДАМ ТО ҲОЛ МЕСӮЗАМ
4539

 

Дод аз дасти фалаки бераҳм, ки расо даҳ сол қабл, моҳи августи соли 2011 маро аз ҷигарбандам барои ҳамешагӣ ҷудо кард.

Даҳ сол шуд, ки месӯзам, ашк мерезам, оҳ мекашам, фарёд мезанам... Писараки баномусу ягонаам мактаби миёнаро хатм карду ба муҳоҷират рафт, то каме пул кор карда, ба ягон донишгоҳ дохил шавад. Ману падараш, ки маълумоти олӣ надоштему тамоми умр азоби бесаводӣ мекашидем, писарам нахост, ки мисли мо шавад. Вақте чунин тасмим доштани ӯро фаҳмидем, ҳамроҳи падараш дуои нек додем, ки ба Русия раваду барои дохил шудан ба донишгоҳ пул кор кунад.

Мани бехабар аз гардишҳои қисмат аз куҷо медонам, ки барои рафтан ба сӯйи аҷал ба писарам дуо медиҳам? Аз рафтани писарам се моҳ гузашту хабари маргаш омад. Рафиқонаш гуфтанд, ки дар зери чархи мошини боркаш монда, ҷон додааст. Агар медонистам, магар иҷозат медодам, ки писарам ба мулки ғурбат биравад? Он рӯзи даҳшатборро то ҳол фаромӯш карда наметавонам ва барои ҷигарбандам ҳар рӯз месӯзам.

Модари ҷигарсӯхта Норбибӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД