Formula novemver 2024
Ба Душанбе барои табобат омада будааст
654

Шахсияти зане, ки дар таркиши нуқтаи сӯзишвории "Соро Ойл" шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми апрел ҷон дод, муайян карда шуд.

Шералӣ Давлатов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик иттилоъ дод, ки зани фавтида Салтанат Равшанова, директори муассисаи таълимии рақами 30-и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик будааст.

“Равшанова 51 сол дошт ва ба хотири табобати дил ба Душанбе рафта буд. Ба қавли хешовандонаш, вақте сӯхтор шурӯъ шуд, ҳодисаро аз балкони хонаи як хешаш, ки он ҷо меҳмон буд, нигоҳ мекард, вале ногаҳон мавҷи таркишу оташ ӯро ба берун ҳаво дод. Ӯ аз ошёнаи сеюми бино афтода ҷароҳати сангин бардошт ва дар роҳ ба шифохона ҷон дод. Равшанова модари як писару як духтар буд”,-гуфтанд расонаҳо аз қавли ин рӯзноманигор.

Дар саҳифаи фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқи демократӣ дар ноҳияи Темурмалик дар робита бо даргузашти ӯ, ки раиси ташкилоти ибтидоии ин ҳизб будааст, изҳори андӯҳ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД