Formula novemver 2024
БА ДУГОНААМ БОВАР КУНАМ?
3235

Бо Фарзона аз хурдӣ дугонаҳои ҷонӣ будем. Волидони мо дар ҳамсоягӣ зиндагонӣ мекарданд, аз ин рӯ, мо ба як боғча, як мактаб ҳамроҳ рафта, дар як сол ба шавҳар баромадем.

Ҳарчанд дар гӯшаҳои гуногуни шаҳру ноҳия зиндагӣ кунем ҳам, ба якдигар занг зада, аз ҳолу аҳволамон бохабар мешудем. Шавҳару хусуру хушдоманамон ҳам ба дӯстии мо назари нек доштанду гоҳ-гоҳ ба хонаи якдигарӣ рафта меомадем. Ман фарзанддор шудаму дугонаам не.

Аз ин рӯ, пас аз шаш соли зиндагии якҷоя аз шавҳараш ҷудо шуд, чунки духтурон айбро дар ӯ ошкор кардаанд. Яъне, дугонаам модар шуда наметавонистааст! Шавҳари ман духтури дандон асту пули хуб меёбад. Пас аз ду нафар шудани фарзандонамон бо дуои волидон аз шаҳр хона харида, рӯзгорамонро ҷудо кардем. Акнун дугонаи шикастабахтам зуд-зуд ба хонаи ман меояд, дар коргоҳи бонуфузе кор мекунаду ба нею нестони ман нигоҳ накарда, барои писару духтарам тӯҳфаҳои қиматбаҳо мехарад. Аксари рӯзҳои якшанбе ба хонаи ман омада, ба корҳоям ёрӣ мерасонад.

Ман хонашин ҳастам, шавҳарам ба Фарзона мисли хоҳараш муносибат мекунад, аз омадани ӯ хурсанд мешавад, вале хусуру хушдоман ва хешу табори шавҳарам мудом маро таъкид мекунанд, ки аз дугонаам эҳтиёт бошам.

— Э духтар, гумон накун, ки вай бесабаб хонаи туро макон қарор додааст, ҳоло шӯта кашида мегираду даҳонат воз мемонад!

Ман ҳамеша дугонаамро тарафгирӣ мекунам: наход дар дунё одамгарӣ намонда бошад?! Фарзона ҷавонзани зебо, пулёб асту бародараш барояш хонаи дуҳуҷрагии алоҳида харида додааст. Азбаски апаю хоҳар надорад, ба ман меҳр мондааст. Шавҳарамро ака мегӯяд, ман ба ӯ бовар мекунам! Бисёр мехостам, фикри хонандагони “Оила”-ро, ки ҳафтавори дӯстдоштаи пайвандони шавҳарам аст, дар ин бора фаҳмам.         
                                                                                 МЕҲРИНИСО Ш.БОХТАР
                                                                                                         

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД