Салом ба хонандагон! Аз шумо хоҳиш мекунам, ки маслиҳатҳои муфиди худро аз ман дареғ надошта, дар пайдо кардани роҳи дуруст дар зиндагӣ ёрӣ расонед.
Духтари 19-сола ҳастам. Дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаам, вале духтари шаҳрӣ ҳам бошам, забони русиро хуб намедонам. Чанде пеш маро бо як ҷавони муҳоҷир фотиҳа карданд. Ҷойи кори номзадам дар Маскав будааст ва аз рӯйи гуфти наздиконаш маро баъди тӯй ҳамроҳаш ба Русия бурдан мехостааст, вале..
Азбаски падару модари ман бисёр сахтгир ҳастанд, ҳатто дар кӯчаҳои шаҳри Душанбеи худамон танҳо гаштугузор намекунам. Ба куҷое, ки рафтанӣ шавам, падар ё бародарам ҳамеша маро бо мошин бурда меоварданд. Хулласи калом, духтари хонагӣ ҳастам ва мустақилона ба ягон ҷо рафтану кореро анҷом додан ба назарам хеле душвор метобад. Ҳайронам, ки шавҳар карда ба Русия равам, дар мулки бегона чи кор мекарда бошам, чунки забони русиро қариб, ки намедонам ва бо одамон муносибат карда наметавонам. Ҳайрон мондаам, ки чи кор кунам. Ростӣ дилам мехоҳад фотиҳаро гардонам, чунки домодро ягон бор надидаам ва чи гуна инсон будану хислату хӯяшро намедонам, бар замми ин, наздиконамро партофта, ба ким-кадом шаҳри дур рафтан ба назарам даҳшатангез менамояд. Дугонаҳоям мегӯянд, ки баъд одат мекунӣ, аммо дилам ҳеҷ ором нест.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Фотиҳаро гардонам ё ба хотири бахт бо чашми пӯшида ба ҷавоне, ки дар умрам надидаам, ба шавҳар баромада, ҳаёти худро ба дасти сарнавишт вогузор кунам?
Р. У.