Formula novemver 2024
Ба аскарӣ нарафту зиндон шуд
03.04.2023
Mahina
916

Дар Бадахшон як ҷавони синну солаш ба хизмати ҳарбӣ расидаро барои саркашӣ аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Комилов Сорбон Арабшоевич бо ҳукми суди шаҳри Хорӯғ барои саркашӣ аз адо намудани ҳизмати ҳарбӣ бо моддаи 343-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати як сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Маҳкумшада ҷазоро дар каллонияи низомаш умумӣ сипарӣ хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 1-апрел маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба маълумоти манбаъ, ҳанӯз рӯзи 18-уми марти соли равон кормандони комиссариати ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ ба Комилов Сорбон Арабшоевич барои гузаштан аз комиссияи тиббӣ даъватнома супурдаанд.

Рӯзи дигар Комилов аз комиссияи тиббӣ мегузарад. Номбурда бояд рӯзи 1-апрел барои хизмат ба Ватан-Модар ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешуд, вале Комилов Сорбон аз адои хизмати аскарӣ саркашӣ карда, ҳозир нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ дар Бадахшон рӯзи 1-апрел дар рӯзи нахустини саршавии даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷро шудани нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба аскарӣ хабар доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД